Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ва намоз барпо доштаанд ва закот пардохтаанд, подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд
Агар [чунин] накардед, бидонед, ки Аллоҳ таоло ва расулаш бо шумо пайкор хоҳанд кард; ва агар тавба кардед, асли сармояҳоятон аз они шумост; на [бо гирифтани суди сармояатон ба касе] ситам мекунед ва на [бо чашмпӯшӣ аз он суди ҳаром] бар шумо ситам меравад
Ва аз [азоби] рӯзе битарсед, ки дар он ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавед; сипас ба ҳар кас [подоши] он чи анҷом додааст, ба таври комил дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд