Агар барои онон, ки китоби [осмонӣ] ба эшон дода шудааст, ҳар нишона [ва далеле барои ҳаққонияти тағйири қибла] биёварӣ, [боз ҳам] аз қиблаи ту пайравӣ намекунанд ва ту [низ] аз қиблаи онон пайравӣ нахоҳӣ кард ва бархе аз онон низ аз қиблаи бархе дигар пайравӣ намекунанд ва агар пас аз он ки илму дониш ба ту расидааст, аз хостаҳои [нафсонии] онон [дар мавриди қибла ва дигар аҳком] пайравӣ кунӣ, дар ин сурат мусалламан аз ситамгорон хоҳӣ буд