Ва ҳангоме ки занонро талоқ [-и раҷъӣ] додед ва ба поёни [рӯзҳои] иддаи хеш расиданд, ба шоистагӣ ононро нигаҳ доред ва ё ба некиву хубӣ раҳояшон созед; ва [ҳамчун даврони ҷоҳилият] ононро ба хотири [озору] зиён расондан нигаҳ надоред, то [ба ҳуқуқашон] таҷовуз кунед; ва ҳар ки чунин кунад, ҳатман ба худ ситам кардааст; ва оёти Аллоҳро ба сухра [лаҳву лаъб] нагиред ва неъмати Аллоҳро бар худ ва он чиро, ки аз китоб [Қуръон] ва ҳикмат бар шумо нозил кардааст ва шуморо бо он панд медиҳад, ба ёд биёваред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност