Пас аз он [бо вуҷуди ин муъҷизаи бузург] дилҳои шумо сахт шуд, ҳамчун санг, ё сахттар, зеро [ҳоли дилҳоятон ҳаргиз тағйир намекунад, аммо сангҳо дучори тағйиру таҳаввул мешаванд, чунон ки] бархе аз сангҳо мешикофанд ва аз онҳо ҷӯйборҳое ҷорӣ мешаванд ва бархе мешикофанду [чашмаҳои] об аз онҳо меҷӯшад ва бархе аз тарси Аллоҳ таоло [аз фарози кӯҳҳо] фурӯ меафтанд. Ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест