Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои хонаи [Каъба] – ро боло мебурданд [ва мегуфтанд]:"Парвардигоро, [аъмоли неки мо, аз ҷумла бинои ин хонаи муқаддасро] аз мо бипазир, ки бе тардид Ту шунавову доноӣ"
Ва чи касе ҷуз он ки худро ба [сабуксариву] нодонӣ меандозад аз оини Иброҳим рӯйгардон мегардад? Ва ба ростӣ, ки мо ӯро дар дунё баргузидем ва бе тардид дар охират [низ] аз шоистагон хоҳад буд
Онон уммате буданд, ки даргузаштанд, он чи ки [аз натиҷаи аъмолашон] касб кардаанд, барои онҳост ва он чи шумо касб кардаед, барои шумост ва шумо дар бораи он чи [онон] мекарданд, бозхост нахоҳед шуд