Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki- Byasobanuwe n'ikigo Rowad Translation Center.

numero y'urupapuro:close

external-link copy
275 : 2

ٱلَّذِينَ يَأۡكُلُونَ ٱلرِّبَوٰاْ لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ ٱلَّذِي يَتَخَبَّطُهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ مِنَ ٱلۡمَسِّۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡبَيۡعُ مِثۡلُ ٱلرِّبَوٰاْۗ وَأَحَلَّ ٱللَّهُ ٱلۡبَيۡعَ وَحَرَّمَ ٱلرِّبَوٰاْۚ فَمَن جَآءَهُۥ مَوۡعِظَةٞ مِّن رَّبِّهِۦ فَٱنتَهَىٰ فَلَهُۥ مَا سَلَفَ وَأَمۡرُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِۖ وَمَنۡ عَادَ فَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]. Ин бад-он сабаб аст, ки онон [рибохорон] гуфтанд: "Доду ситад низ монанди рибост [ва ин ҳар ду молро афзун мекунад]"; дар ҳоле ки Аллоҳ таоло, доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст. Пас, ҳар ки аз [ҷониби] Парвардигораш панде ба ӯ бирасад ва [аз рибохорӣ] даст бардорад, он чи гузашта ва [судҳое, ки қабл аз нузули ҳукми рибо дарёфт кардааст] аз они ӯст ва [дар мавриди оянда низ] кораш ба Аллоҳ таоло вогузор мешавад; ва [аммо] касоне, ки [ба рибохорӣ] бозмегарданд, аҳли оташанд ва дар он ҷовидонанд info
التفاسير:

external-link copy
276 : 2

يَمۡحَقُ ٱللَّهُ ٱلرِّبَوٰاْ وَيُرۡبِي ٱلصَّدَقَٰتِۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ

Аллоҳ таоло риборо нобуд [ва бебаракат] мегардонад ва садақотро [бо изофа кардан бар савобаш] афзоиш [ва баракат] медиҳад; ва Аллоҳ таоло ҳеҷ кофири лаҷуҷу гунаҳгореро дӯст намедорад info
التفاسير:

external-link copy
277 : 2

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ لَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ва намоз барпо доштаанд ва закот пардохтаанд, подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
278 : 2

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَذَرُواْ مَا بَقِيَ مِنَ ٱلرِّبَوٰٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва агар муъмин ҳастед, он чиро, ки аз [мутолиботи] рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед info
التفاسير:

external-link copy
279 : 2

فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ فَأۡذَنُواْ بِحَرۡبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ وَإِن تُبۡتُمۡ فَلَكُمۡ رُءُوسُ أَمۡوَٰلِكُمۡ لَا تَظۡلِمُونَ وَلَا تُظۡلَمُونَ

Агар [чунин] накардед, бидонед, ки Аллоҳ таоло ва расулаш бо шумо пайкор хоҳанд кард; ва агар тавба кардед, асли сармояҳоятон аз они шумост; на [бо гирифтани суди сармояатон ба касе] ситам мекунед ва на [бо чашмпӯшӣ аз он суди ҳаром] бар шумо ситам меравад info
التفاسير:

external-link copy
280 : 2

وَإِن كَانَ ذُو عُسۡرَةٖ فَنَظِرَةٌ إِلَىٰ مَيۡسَرَةٖۚ وَأَن تَصَدَّقُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

Ва агар [шахси қарздор] тангдаст бувад, то [ҳангоми] кушоиш [ва тавоноии бозпардохт ба ӯ] муҳлат диҳед ва [агар тавоноии пардохт надошт], бахшидани он [қарз] бароятон беҳтар аст, агар [савоби ин корро] бидонед info
التفاسير:

external-link copy
281 : 2

وَٱتَّقُواْ يَوۡمٗا تُرۡجَعُونَ فِيهِ إِلَى ٱللَّهِۖ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا كَسَبَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ

Ва аз [азоби] рӯзе битарсед, ки дар он ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавед; сипас ба ҳар кас [подоши] он чи анҷом додааст, ба таври комил дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд info
التفاسير: