Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Lambar shafi:close

external-link copy
62 : 10

أَلَآ إِنَّ أَوۡلِيَآءَ ٱللَّهِ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

Огоҳ бошед! Дӯстони Аллоҳ таоло на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
63 : 10

ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ

[Ҳамон] Касоне, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд info
التفاسير:

external-link copy
64 : 10

لَهُمُ ٱلۡبُشۡرَىٰ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ لَا تَبۡدِيلَ لِكَلِمَٰتِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Барои онон дар зиндагии дунё ва дар охират башорат аст. Суханони Аллоҳ таоло [дар бораи пирӯзӣ ва подоши ду ҷаҳон] тағйирнопазир аст. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст info
التفاسير:

external-link copy
65 : 10

وَلَا يَحۡزُنكَ قَوۡلُهُمۡۘ إِنَّ ٱلۡعِزَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًاۚ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

[Эй паёмбар] Сухани онон туро ғамгин накунад. Бе тардид, тамоми иззат [-у пирӯзмандӣ] аз они Аллоҳ таолост [ва] Ӯ шунавову доност info
التفاسير:

external-link copy
66 : 10

أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَمَا يَتَّبِعُ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ شُرَكَآءَۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ هُمۡ إِلَّا يَخۡرُصُونَ

Огоҳ бошед! Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, пас,касоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло шариконеро мехонанд, аз чи пайравӣ мекунанд? Инон ҷуз аз [тардиду] гумон пайравӣ намекунанд ва ҷуз дурӯғ намегӯянд info
التفاسير:

external-link copy
67 : 10

هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ لِتَسۡكُنُواْ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبۡصِرًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَسۡمَعُونَ

Ӯст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он биоромед ва рӯзро равшан сохт [то дар партави нураш ба кор бипардозед]. Бе тардид, дар инҳо барои гурӯҳе, ки [суханони ҳақро] мешунаванд, нишонаҳост info
التفاسير:

external-link copy
68 : 10

قَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۖ هُوَ ٱلۡغَنِيُّۖ لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ إِنۡ عِندَكُم مِّن سُلۡطَٰنِۭ بِهَٰذَآۚ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

[Мушрикон] Гуфтанд: «Аллоҳ таоло фарзанде барои худ ихтиёр кардааст». Муназзаҳ аст Ӯ [ва] бениёз аст. Ончи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. [Эй мушрикон] Шумо бар ин [иддао] далеле надоред. Оё чизеро, ки намедонед, ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед? info
التفاسير:

external-link copy
69 : 10

قُلۡ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ لَا يُفۡلِحُونَ

Бигӯ: «Касоне, ки ба Аллоҳ таоло нисбати дурӯғ медиҳанд, ҳаргиз растагор намешаванд» info
التفاسير:

external-link copy
70 : 10

مَتَٰعٞ فِي ٱلدُّنۡيَا ثُمَّ إِلَيۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ ثُمَّ نُذِيقُهُمُ ٱلۡعَذَابَ ٱلشَّدِيدَ بِمَا كَانُواْ يَكۡفُرُونَ

Онон баҳра [-и андак] дар дунё [доранд], сипас бозгашташон ба сӯи Мост. Он гоҳ ба [сазои] онки куфр меварзиданд, азоби сахт ба онон мечашонем info
التفاسير: