Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Lambar shafi:close

external-link copy
43 : 10

وَمِنۡهُم مَّن يَنظُرُ إِلَيۡكَۚ أَفَأَنتَ تَهۡدِي ٱلۡعُمۡيَ وَلَوۡ كَانُواْ لَا يُبۡصِرُونَ

Ва аз эшон касоне ҳастанд, ки [бо чашми зоҳирӣ] туро менигаранд, аммо оё ту метавонӣ нобиноёнро ҳидоят кунӣ, ҳарчанд аҳли басират набошанд? info
التفاسير:

external-link copy
44 : 10

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَظۡلِمُ ٱلنَّاسَ شَيۡـٔٗا وَلَٰكِنَّ ٱلنَّاسَ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ

Яқинан, Аллоҳ таоло ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад, вале мардум [ҳастанд, ки бо ширку нофармонӣ] ба хештан ситам мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
45 : 10

وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ كَأَن لَّمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا سَاعَةٗ مِّنَ ٱلنَّهَارِ يَتَعَارَفُونَ بَيۡنَهُمۡۚ قَدۡ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱللَّهِ وَمَا كَانُواْ مُهۡتَدِينَ

Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро [дар пешгоҳи хеш] гирд меоварад, [чунон эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ ҷуз соате аз рӯз [дар дунё] диранг накардаанд [ва дар онҷо] якдигарро мешиносанд. Бе тардид, касоне, ки дидори Аллоҳ таолоро дурӯғ меангоштанд, зиён диданд ва ҳидоят наёфтанд info
التفاسير:

external-link copy
46 : 10

وَإِمَّا نُرِيَنَّكَ بَعۡضَ ٱلَّذِي نَعِدُهُمۡ أَوۡ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِلَيۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ ثُمَّ ٱللَّهُ شَهِيدٌ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ

Ва [эй паёмбар] агар бахше аз ончи [аз азоб]-ро, ки ба онон ваъда додаем, нишонат диҳем ё ҷони туро [пеш аз азоби онон] бигирем, [дар ҳар ҳол] бозгаштатон ба сӯйи Мост, он гоҳ Аллоҳ таоло бар ончи мекунанд, гувоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
47 : 10

وَلِكُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولٞۖ فَإِذَا جَآءَ رَسُولُهُمۡ قُضِيَ بَيۡنَهُم بِٱلۡقِسۡطِ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ

Ҳар уммате паёмбаре дорад, пас, ҳангоме ки паёмбарашон омад [бархе муъмин ва бархе кофир шуданд; ва рӯзи қиёмат] миёни онон ба адолат доварӣ мешавад ва [ҳаргиз] ба эшон ситам нахоҳад шуд info
التفاسير:

external-link copy
48 : 10

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

[Мушрикон ба паёмбар] мегӯянд: «Агар [ту ва пайравонат] рост мегӯед, ин ваъдаи [азоб] кай хоҳад буд»? info
التفاسير:

external-link copy
49 : 10

قُل لَّآ أَمۡلِكُ لِنَفۡسِي ضَرّٗا وَلَا نَفۡعًا إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۗ لِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌۚ إِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ فَلَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ

Бигӯ: «Ман барои хеш молики ҳеҷ зиёну суде нестам, магар ончи Аллоҳ таоло бихоҳад. Ҳар уммате аҷале дорад ва он гоҳ ки аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд» info
التفاسير:

external-link copy
50 : 10

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَتَىٰكُمۡ عَذَابُهُۥ بَيَٰتًا أَوۡ نَهَارٗا مَّاذَا يَسۡتَعۡجِلُ مِنۡهُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ

[Эй паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «Ба ман бигӯед агар азоби Ӯ шабона ё дар [вақти] рӯз бар шумо нозил гардад, [чи мекунед ва] гунаҳкорон чи чизеро аз он [азоб] ба шитоб мехоҳанд?» info
التفاسير:

external-link copy
51 : 10

أَثُمَّ إِذَا مَا وَقَعَ ءَامَنتُم بِهِۦٓۚ ءَآلۡـَٰٔنَ وَقَدۡ كُنتُم بِهِۦ تَسۡتَعۡجِلُونَ

Оё пас аз онки [азоб] воқеъ шуд, бовараш мекунед? Оё акнун? Ва ҳол онки [пештар] онро ба шитоб мехостед info
التفاسير:

external-link copy
52 : 10

ثُمَّ قِيلَ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡخُلۡدِ هَلۡ تُجۡزَوۡنَ إِلَّا بِمَا كُنتُمۡ تَكۡسِبُونَ

Сипас ба касоне, ки ситам карданд, гуфта мешавад: «Азоби ҷовидонаро бичашед. Оё чизе дар баробари ончи мекардед муҷозот мешавед?» info
التفاسير:

external-link copy
53 : 10

۞ وَيَسۡتَنۢبِـُٔونَكَ أَحَقٌّ هُوَۖ قُلۡ إِي وَرَبِّيٓ إِنَّهُۥ لَحَقّٞۖ وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ

Ва [эй паёмбар, мушрикон] Аз ту хабар мегиранд [ки]: «Оё он [азоб] ҳақиқат дорад»? Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам,ки ҳатман, ҳақиқат дорад ва шумо наметавонед [Аллоҳ таолоро аз вуқуи маод ва азоб] дармонда кунед» info
التفاسير: