Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Lambar shafi:close

external-link copy
34 : 10

قُلۡ هَلۡ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥۚ قُلِ ٱللَّهُ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ

[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Оё аз маъбудонатон [бутҳо] касе ҳаст, ки офаринишро оғоз кунад ва сипас онро [пас аз марг] бозгардонад?» Бигӯ: «Аллоҳ таоло аст, ки офаринишро оғоз мекунад ва сипас онро бозмегардонад, пас, ба куҷо мунҳариф мешавед?» info
التفاسير:

external-link copy
35 : 10

قُلۡ هَلۡ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلۡحَقِّۚ قُلِ ٱللَّهُ يَهۡدِي لِلۡحَقِّۗ أَفَمَن يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلۡحَقِّ أَحَقُّ أَن يُتَّبَعَ أَمَّن لَّا يَهِدِّيٓ إِلَّآ أَن يُهۡدَىٰۖ فَمَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ

Бигӯ: «Оё аз маъбудонатон касе ҳаст, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ кунад?». Бигӯ: «[Аллоҳ таоло] аст, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ мекунад. Пас, оё касе, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ мекунад, сазовортар аст, ки пайравӣ шавад ё касе, ки худ роҳ намеёбад, магар онки ҳидояташ кунанд? Пас, шуморо чи шудааст? Чигуна доварӣ мекунед?» info
التفاسير:

external-link copy
36 : 10

وَمَا يَتَّبِعُ أَكۡثَرُهُمۡ إِلَّا ظَنًّاۚ إِنَّ ٱلظَّنَّ لَا يُغۡنِي مِنَ ٱلۡحَقِّ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا يَفۡعَلُونَ

Ва бештарашон ҷуз аз гумон пайравӣ намекунанд, [дар ҳоле ки] гумон ҳаргиз [инсонро] аз [шинохти] ҳақ бениёз намекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, доност info
التفاسير:

external-link copy
37 : 10

وَمَا كَانَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ أَن يُفۡتَرَىٰ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِن تَصۡدِيقَ ٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَتَفۡصِيلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَا رَيۡبَ فِيهِ مِن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва нашояд, ки ин Қуръон аз ҷониби ғайри Аллоҳ таоло [ва] ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқи китобҳоест, ки пеш аз он омадааст ва шарҳи [аҳкоми] онҳост ва тардид дар он нест [ва] аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониён [нозил шуда] аст info
التفاسير:

external-link copy
38 : 10

أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ فَأۡتُواْ بِسُورَةٖ مِّثۡلِهِۦ وَٱدۡعُواْ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Он [суханон]-ро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат додааст»? Бигӯ: «Агар рост мегӯед, пас, як сура ҳаммонанди он биёваред ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳаркиро метавонед, [ба ёрӣ] бихонед» info
التفاسير:

external-link copy
39 : 10

بَلۡ كَذَّبُواْ بِمَا لَمۡ يُحِيطُواْ بِعِلۡمِهِۦ وَلَمَّا يَأۡتِهِمۡ تَأۡوِيلُهُۥۚ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلظَّٰلِمِينَ

[Чунин нест] Балки чизеро дурӯғ шумурданд, ки ба шинохташ иҳота надоштанд ва ҳанӯз воқеияти он [ва ҳақиқати ахбораш] бар эшон равшан нашудааст. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ [оёти Қуръонро] ҳамингуна дурӯғ ангоштанд. Пас, [эй паёмбар] бингар, ки оқибати ситамгорон чигуна буд info
التفاسير:

external-link copy
40 : 10

وَمِنۡهُم مَّن يُؤۡمِنُ بِهِۦ وَمِنۡهُم مَّن لَّا يُؤۡمِنُ بِهِۦۚ وَرَبُّكَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُفۡسِدِينَ

Ва аз онон [мушрикон] касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва аз онон касе ҳаст, ки [ҳаргиз] ба он имон намеоварад ва Парвардигорат ба [ҳоли] муфсидон огоҳтар аст info
التفاسير:

external-link copy
41 : 10

وَإِن كَذَّبُوكَ فَقُل لِّي عَمَلِي وَلَكُمۡ عَمَلُكُمۡۖ أَنتُم بَرِيٓـُٔونَ مِمَّآ أَعۡمَلُ وَأَنَا۠ بَرِيٓءٞ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ

Ва агар [кофирон] туро дурӯғгӯ ангоштанд, пас, бигӯ: «[Натиҷаи] амали ман барои худам ва [сазои] амали шумо барои худатон аст. Шумо аз ончи ман мекунам, безоред ва ман [низ] аз ончи [шумо] мекунед безорам» info
التفاسير:

external-link copy
42 : 10

وَمِنۡهُم مَّن يَسۡتَمِعُونَ إِلَيۡكَۚ أَفَأَنتَ تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ وَلَوۡ كَانُواْ لَا يَعۡقِلُونَ

Ва бархе аз онҳо [дар зоҳир] ба ту гӯш фаро медиҳанд, аммо магар ту метавонӣ ношунавоёнро [ки аз шунидани каломи ҳақ оҷизанд] шунаво кунӣ, ҳарчанд хирадварзӣ накунанд? info
التفاسير: