Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Lambar shafi:close

external-link copy
71 : 10

۞ وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ نُوحٍ إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ إِن كَانَ كَبُرَ عَلَيۡكُم مَّقَامِي وَتَذۡكِيرِي بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَعَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلۡتُ فَأَجۡمِعُوٓاْ أَمۡرَكُمۡ وَشُرَكَآءَكُمۡ ثُمَّ لَا يَكُنۡ أَمۡرُكُمۡ عَلَيۡكُمۡ غُمَّةٗ ثُمَّ ٱقۡضُوٓاْ إِلَيَّ وَلَا تُنظِرُونِ

[Эй паёмбар] Достони Нуҳро бар онон бозгӯ, он гоҳ ки бар қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, агар монанди ман [дар миёни шумо] ва андарз додан ба оёти Аллоҳ таоло бар шумо гарон омадааст, [бидонед, ки ман] бар Аллоҳ таоло таваккал кардааам, пас, [дар тавтеа ва] коратон бо шарикони худ [алайҳи ман] ҳамдаст шавед ва дар коратон пардапӯшӣ накунед,он гоҳ [ҳар чи дар дил доред ва метавонед] алайҳи ман ба кор бандед ва муҳлатам надиҳед info
التفاسير:

external-link copy
72 : 10

فَإِن تَوَلَّيۡتُمۡ فَمَا سَأَلۡتُكُم مِّنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ

Агар [аз даъвати ҳақ] рӯйгардон шудед, пас, [бидонед, ки] ман подоше аз шумо нахостаам, [чаро ки] подошам танҳо бар Аллоҳ таоло аст ва ман дастур ёфтаам, ки аз таслимшудагон [-и авомири илоҳӣ] бошам» info
التفاسير:

external-link copy
73 : 10

فَكَذَّبُوهُ فَنَجَّيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ وَجَعَلۡنَٰهُمۡ خَلَٰٓئِفَ وَأَغۡرَقۡنَا ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُنذَرِينَ

Пас, [қавмаш] ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва Мо ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ ҳамроҳаш буданд, наҷот додем ва ононро ҷонишин [-и пешиниён] сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ғарқ кардем. Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чигуна буд info
التفاسير:

external-link copy
74 : 10

ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِۦ رُسُلًا إِلَىٰ قَوۡمِهِمۡ فَجَآءُوهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْ بِمَا كَذَّبُواْ بِهِۦ مِن قَبۡلُۚ كَذَٰلِكَ نَطۡبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلۡمُعۡتَدِينَ

Сипас баъд аз ӯ паёмбароне ба сӯйи қавмаш фиристодем ва муъҷизоти равшан [бар эшон] оварданд, вале онҳо бар он набуданд, ки ба чизе имон биёваранд, ки аз пеш онро дурӯғ шумурда буданд. Бад-ин сон, бар дилҳои таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] муҳр мениҳем info
التفاسير:

external-link copy
75 : 10

ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِم مُّوسَىٰ وَهَٰرُونَ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ بِـَٔايَٰتِنَا فَٱسۡتَكۡبَرُواْ وَكَانُواْ قَوۡمٗا مُّجۡرِمِينَ

Сипас баъд аз эшон Мӯсо ва Ҳорунро бо муъҷизоти хеш ба сӯйи Фиръавн ва бузургони қавмаш фиристодем, вале онон гарданкашӣ карданд ва қавме гунаҳкор буданд info
التفاسير:

external-link copy
76 : 10

فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ مِنۡ عِندِنَا قَالُوٓاْ إِنَّ هَٰذَا لَسِحۡرٞ مُّبِينٞ

Пас, чун ҳақ аз назди мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин, ҳатман, ҷодуи ошкор аст» info
التفاسير:

external-link copy
77 : 10

قَالَ مُوسَىٰٓ أَتَقُولُونَ لِلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَكُمۡۖ أَسِحۡرٌ هَٰذَا وَلَا يُفۡلِحُ ٱلسَّٰحِرُونَ

Мӯсо гуфт: «Оё вақте ҳақ ба сӯятон омад, мегӯед [ҷодуст]? Оё ин ҷодуст? Ва ҳол онки ҷодугарон растагор намешаванд» info
التفاسير:

external-link copy
78 : 10

قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا لِتَلۡفِتَنَا عَمَّا وَجَدۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَا وَتَكُونَ لَكُمَا ٱلۡكِبۡرِيَآءُ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا نَحۡنُ لَكُمَا بِمُؤۡمِنِينَ

[Фиръавниён] Гуфтанд: «Оё ба сӯйи мо омадаӣ, то моро аз шевае, ки падаронамонро бар он ёфтаем, бозгардонӣ ва [иззату] бузургӣ дар ин сарзамин барои шумо дутан бошад? Мо ҳаргиз ба шумо ду тан имон намеоварем» info
التفاسير: