Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə - "Ruvvad" tərcümə mərkəzi.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
82 : 21

وَمِنَ ٱلشَّيَٰطِينِ مَن يَغُوصُونَ لَهُۥ وَيَعۡمَلُونَ عَمَلٗا دُونَ ذَٰلِكَۖ وَكُنَّا لَهُمۡ حَٰفِظِينَ

Ва [низ] аз шаётин касонеро [гумоштем], ки барояш ғаввосӣ мекарданд [ва ҷавоҳир меоварданд] ва корҳое ғайр аз ин [низ] анҷом медоданд ва мо муроқиби [рафтор ва теъдоди] онон будем info
التفاسير:

external-link copy
83 : 21

۞ وَأَيُّوبَ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَسَّنِيَ ٱلضُّرُّ وَأَنتَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ

Ва Аюбро [ёд кун] он гоҳ ки Парвардигорашро [чунин нидо дод: “Ранҷ [-у беморӣ] ба ман расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ” info
التفاسير:

external-link copy
84 : 21

فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ فَكَشَفۡنَا مَا بِهِۦ مِن ضُرّٖۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ أَهۡلَهُۥ وَمِثۡلَهُم مَّعَهُمۡ رَحۡمَةٗ مِّنۡ عِندِنَا وَذِكۡرَىٰ لِلۡعَٰبِدِينَ

Пас, Мо [дуои] ӯро иҷобат кардем ва ранҷеро, ки ба ӯ расида буд, бартараф сохтем ва хонаводааш ва [низ теъдоде] ҳаммонандашонро ба ҳамроҳи онон ба вай бозгардонидем, [то] раҳмате аз ҷониби Мо ва панде барои парастишгарон бошад info
التفاسير:

external-link copy
85 : 21

وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِدۡرِيسَ وَذَا ٱلۡكِفۡلِۖ كُلّٞ مِّنَ ٱلصَّٰبِرِينَ

Ва [ёд кун аз] Исмоил ва Идрис ва Зу-л-кифл, ки ҳамагӣ аз шикебоён буданд info
التفاسير:

external-link copy
86 : 21

وَأَدۡخَلۡنَٰهُمۡ فِي رَحۡمَتِنَآۖ إِنَّهُم مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Ва [Мо] ононро дар раҳмати хеш ворид кардем. Бе тардид, онон аз шоистагон буданд info
التفاسير:

external-link copy
87 : 21

وَذَا ٱلنُّونِ إِذ ذَّهَبَ مُغَٰضِبٗا فَظَنَّ أَن لَّن نَّقۡدِرَ عَلَيۡهِ فَنَادَىٰ فِي ٱلظُّلُمَٰتِ أَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنتَ سُبۡحَٰنَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ

Ва [ёд кун аз] Зу-н-нун [Юнус] он гоҳ ки хашмгин [аз миёни қавмаш] рафт ва чунин пиндошт, ки Мо ҳаргиз бар ӯ танг намегирем [ва ба хотири ин кор муҷозоташ намекунем]. Пас, [вақте моҳӣ ӯро фурӯ бурд] дар торикиҳо нидо дод, ки: “[Парвардигоро] Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ту нест. Ту муназзаҳӣ. Бе тардид, ман аз ситамгорон будаам” info
التفاسير:

external-link copy
88 : 21

فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ وَنَجَّيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡغَمِّۚ وَكَذَٰلِكَ نُـۨجِي ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Пас дуояшро иҷобат кардем ва аз андуҳ наҷоташ додем ва муъминонро [низ] ин чунин наҷот медиҳем info
التفاسير:

external-link copy
89 : 21

وَزَكَرِيَّآ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥ رَبِّ لَا تَذَرۡنِي فَرۡدٗا وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡوَٰرِثِينَ

Ва [ёд кун аз] Закариё, он гоҳ ки Парвардигорашро [ин гуна] нидо дод: “Парвардигоро, маро танҳо [ва бефарзанд] магзор ва ту беҳтарин бозмондаӣ [ворисонӣ]” info
التفاسير:

external-link copy
90 : 21

فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ وَوَهَبۡنَا لَهُۥ يَحۡيَىٰ وَأَصۡلَحۡنَا لَهُۥ زَوۡجَهُۥٓۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَيَدۡعُونَنَا رَغَبٗا وَرَهَبٗاۖ وَكَانُواْ لَنَا خَٰشِعِينَ

Пас, дуояшро иҷобат кардем ва Яҳёро ба ӯ бахшидем ва ҳамсарашро [ки нозо буд] барояш шоиста [ва омодаи бордорӣ] намудем. Онон ҳамвора дар корҳои хайр мешитофтанд ва дар ҳоли биму умед Моро мехонданд ва пайваста барои Мо [фармонбардор ва] фурӯтан буданд info
التفاسير: