Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə - "Ruvvad" tərcümə mərkəzi.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
73 : 21

وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِمۡ فِعۡلَ ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَإِقَامَ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءَ ٱلزَّكَوٰةِۖ وَكَانُواْ لَنَا عَٰبِدِينَ

Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд ва анҷоми корҳои нек ва барпо доштани намоз ва адои закотро ба эшон ваҳй кардем ва онон [ҳама] парастишгари Мо буданд info
التفاسير:

external-link copy
74 : 21

وَلُوطًا ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمٗا وَعِلۡمٗا وَنَجَّيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِي كَانَت تَّعۡمَلُ ٱلۡخَبَٰٓئِثَۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمَ سَوۡءٖ فَٰسِقِينَ

Мо ба Лут [иҷозати] қазоват ва илм [-и дин] додем ва ӯро аз шаҳре, ки [сокинонаш] аъмоли зишт [-у палид] анҷом медоданд, наҷот бахшидем. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе палид ва нофармон буданд info
التفاسير:

external-link copy
75 : 21

وَأَدۡخَلۡنَٰهُ فِي رَحۡمَتِنَآۖ إِنَّهُۥ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Ва ӯро дар раҳмати худ ворид кардем. Бе гумон, ӯ аз шоистагон буд info
التفاسير:

external-link copy
76 : 21

وَنُوحًا إِذۡ نَادَىٰ مِن قَبۡلُ فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ

Ва Нуҳро [ёд кун] ҳангоме ки пештар [аз соири паёмбарон моро] нидо дод. Пас, Мо [низ дуои] вайро иҷобат кардем, он гоҳ ӯ ва хонадонашро аз андуҳи бузург наҷот додем info
التفاسير:

external-link copy
77 : 21

وَنَصَرۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمَ سَوۡءٖ فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ أَجۡمَعِينَ

Ва дар баробари қавме, ки оёти Моро дурӯғ ангошта буданд, ёриаш кардем. Бе тардид, онон гурӯҳи бадкирдоре буданд, пас, ҳамагиашонро ғарқ кардем info
التفاسير:

external-link copy
78 : 21

وَدَاوُۥدَ وَسُلَيۡمَٰنَ إِذۡ يَحۡكُمَانِ فِي ٱلۡحَرۡثِ إِذۡ نَفَشَتۡ فِيهِ غَنَمُ ٱلۡقَوۡمِ وَكُنَّا لِحُكۡمِهِمۡ شَٰهِدِينَ

Ва [ёд кун аз] Довуд ва Сулаймон он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ мекарданд, ки гӯсфандони қавм шабона дар он чарида буданд ва Мо бар доварии онон гувоҳ будем info
التفاسير:

external-link copy
79 : 21

فَفَهَّمۡنَٰهَا سُلَيۡمَٰنَۚ وَكُلًّا ءَاتَيۡنَا حُكۡمٗا وَعِلۡمٗاۚ وَسَخَّرۡنَا مَعَ دَاوُۥدَ ٱلۡجِبَالَ يُسَبِّحۡنَ وَٱلطَّيۡرَۚ وَكُنَّا فَٰعِلِينَ

Пас, он [ҳақиқат]-ро ба Сулаймон фаҳмонидем ва ба ҳар як аз онон паёмбарӣ ва дониш [-и амал ба аҳкоми дин] ато кардем ва кӯҳҳо ва парандагон дар хидмати Довуд гумоштем, ки [ҳамроҳ бо ӯ Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд ва Мо будем, ки ин [ҳама]-ро анҷом додем info
التفاسير:

external-link copy
80 : 21

وَعَلَّمۡنَٰهُ صَنۡعَةَ لَبُوسٖ لَّكُمۡ لِتُحۡصِنَكُم مِّنۢ بَأۡسِكُمۡۖ فَهَلۡ أَنتُمۡ شَٰكِرُونَ

Ва ба ӯ сохтани зиреҳро омӯхтем, то шуморо аз [осеби] ҷангҳоятон ҳифз кунад. Пас, оё шукр мегузоред? info
التفاسير:

external-link copy
81 : 21

وَلِسُلَيۡمَٰنَ ٱلرِّيحَ عَاصِفَةٗ تَجۡرِي بِأَمۡرِهِۦٓ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَاۚ وَكُنَّا بِكُلِّ شَيۡءٍ عَٰلِمِينَ

Ва тундбодро барои Сулаймон [ба хидмат гумоштем], ки ба фармони ӯ ба сӯйи сарзамине, ки дар он баракат ниҳода будем [Шом], равон буд ва мо бар ҳар чиз доно будем info
التفاسير: