Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə - "Ruvvad" tərcümə mərkəzi.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
36 : 21

وَإِذَا رَءَاكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا ٱلَّذِي يَذۡكُرُ ءَالِهَتَكُمۡ وَهُم بِذِكۡرِ ٱلرَّحۡمَٰنِ هُمۡ كَٰفِرُونَ

Касоне, ки куфр варзиданд, ҳар гоҳ ки туро мебинанд, фақат ба масхараат мегиранд [ва мегӯянд]: «Оё ин ҳамон касест, ки аз маъбудонатон [ба бадӣ] ёд мекунад»? Ва ҳол он ки онон худ ёди [Аллоҳи] Раҳмонро инкор мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
37 : 21

خُلِقَ ٱلۡإِنسَٰنُ مِنۡ عَجَلٖۚ سَأُوْرِيكُمۡ ءَايَٰتِي فَلَا تَسۡتَعۡجِلُونِ

Инсон [зотан] шитобкор офарида шудааст [ва ҳама чизро пеш аз замони муқаррараш мехоҳад]. Ба зудӣ нишонаҳо [-и азоб]-и хешро нишонатон хоҳем дод, пас, [нузули азобро] ба шитоб нахоҳед info
التفاسير:

external-link copy
38 : 21

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

[Кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?» info
التفاسير:

external-link copy
39 : 21

لَوۡ يَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَن وُجُوهِهِمُ ٱلنَّارَ وَلَا عَن ظُهُورِهِمۡ وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ

Касоне, ки куфр варзиданд, агар медонистанд замоне, ки [ба дузах меафтанд] наметавонанд [шуълаҳои] оташро аз чеҳраҳо ва пуштҳояшон боздоранд ва [аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд [ҳаргиз ин гуна шитобон азобро намехостанд] info
التفاسير:

external-link copy
40 : 21

بَلۡ تَأۡتِيهِم بَغۡتَةٗ فَتَبۡهَتُهُمۡ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ

Балки [оташ чунон] ногаҳонӣ ба онон мерасад ва эшонро [чунон саргашта ва] мабҳут мекунад, ки на метавонанд онро [аз худ] дафъ кунанд ва на муҳлати [тавба] ба онон дода мешавад info
التفاسير:

external-link copy
41 : 21

وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُواْ مِنۡهُم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

Яқинан, паёмбарон пеш аз ту [низ] мавриди тамасхур қарор гирифта буданд, пас, бар сари касоне, ки онҳо [азобҳои илоҳӣ]-ро ба ришханд мегирифтанд, ҳамон чизе омад, ки масхарааш мекарданд info
التفاسير:

external-link copy
42 : 21

قُلۡ مَن يَكۡلَؤُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ مِنَ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ بَلۡ هُمۡ عَن ذِكۡرِ رَبِّهِم مُّعۡرِضُونَ

[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Чи касе шуморо дар шабу рӯз аз [азоби Аллоҳи] Раҳмон нигоҳ медорад? Балки [ҳақ ин аст, ки] онон аз ёди Парвардигорашон рӯйгардонанд info
التفاسير:

external-link copy
43 : 21

أَمۡ لَهُمۡ ءَالِهَةٞ تَمۡنَعُهُم مِّن دُونِنَاۚ لَا يَسۡتَطِيعُونَ نَصۡرَ أَنفُسِهِمۡ وَلَا هُم مِّنَّا يُصۡحَبُونَ

Оё онон маъбудоне доранд, ки [метавонанд] дар баробари Мо аз эшон дифоъ кунанд? [Ҳаргиз!] Онон на метавонанд худро ёрӣ диҳанд ва на аз [азоби] Мо дар амонанд info
التفاسير:

external-link copy
44 : 21

بَلۡ مَتَّعۡنَا هَٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمۡ حَتَّىٰ طَالَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡعُمُرُۗ أَفَلَا يَرَوۡنَ أَنَّا نَأۡتِي ٱلۡأَرۡضَ نَنقُصُهَا مِنۡ أَطۡرَافِهَآۚ أَفَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ

Балки [Мо] онон ва падаронашонро [аз неъматҳои дунявӣ] баҳраманд сохтем, то умрашон ба дарозо кашид [ва мағрур шуданд]. Оё намебинанд, ки Мо [ҳамвора] ба суроғи замин меоем ва онро аз ҳар тараф мекоҳем [ва мардумашро нобуд мекунем]? Пас, оё онон [бар қудрати Аллоҳ таоло] пирӯзанд? info
التفاسير: