Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə - "Ruvvad" tərcümə mərkəzi.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
58 : 21

فَجَعَلَهُمۡ جُذَٰذًا إِلَّا كَبِيرٗا لَّهُمۡ لَعَلَّهُمۡ إِلَيۡهِ يَرۡجِعُونَ

Пас [дар ғиёби бутпарастон] ҳамаи онҳоро ба ҷуз [бути] бузургашон бишкаст, шояд, ба суроғи он бираванд [то ҳақоиқро барояшон бозгӯ кунад] info
التفاسير:

external-link copy
59 : 21

قَالُواْ مَن فَعَلَ هَٰذَا بِـَٔالِهَتِنَآ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ

[Вақте онон бутхонаро чунин диданд] Гуфтанд: “Чи касе бо маъбудони мо чунин кардааст? Ҳатман, ӯ ситамгор аст” info
التفاسير:

external-link copy
60 : 21

قَالُواْ سَمِعۡنَا فَتٗى يَذۡكُرُهُمۡ يُقَالُ لَهُۥٓ إِبۡرَٰهِيمُ

[Бархе] Гуфтанд: “Мо шунидем ҷавоне, ки ӯро Иброҳим мегӯянд, аз онҳо [ба бадӣ] ёд мекунад” info
التفاسير:

external-link copy
61 : 21

قَالُواْ فَأۡتُواْ بِهِۦ عَلَىٰٓ أَعۡيُنِ ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَشۡهَدُونَ

Гуфтанд: “Пас ӯро дар баробари дидагони мардум биёваред, бошад, ки [бар эътирофаш ба гуноҳ] гувоҳ бошанд” info
التفاسير:

external-link copy
62 : 21

قَالُوٓاْ ءَأَنتَ فَعَلۡتَ هَٰذَا بِـَٔالِهَتِنَا يَٰٓإِبۡرَٰهِيمُ

[Вақте Иброҳимро оварданд] Гуфтанд: “Эй Иброҳим, оё ту ин [кор] -ро бо маъбудони мо кардаӣ?” info
التفاسير:

external-link copy
63 : 21

قَالَ بَلۡ فَعَلَهُۥ كَبِيرُهُمۡ هَٰذَا فَسۡـَٔلُوهُمۡ إِن كَانُواْ يَنطِقُونَ

Ӯ гуфт: “Балки [бути] бузургашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед» info
التفاسير:

external-link copy
64 : 21

فَرَجَعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ فَقَالُوٓاْ إِنَّكُمۡ أَنتُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Он гоҳ [онон] ба худ омаданд ва [ба якдигар] гуфтанд: “Воқеан, шумо [мушрику] ситамгоред” info
التفاسير:

external-link copy
65 : 21

ثُمَّ نُكِسُواْ عَلَىٰ رُءُوسِهِمۡ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَا هَٰٓؤُلَآءِ يَنطِقُونَ

Сипас [боз ҳам] сар ба душманӣ ва инкор бардоштанд [ва гуфтанд] “Ту хуб медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд” info
التفاسير:

external-link copy
66 : 21

قَالَ أَفَتَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكُمۡ شَيۡـٔٗا وَلَا يَضُرُّكُمۡ

[Иброҳим] гуфт: “Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастед, ки на суде бароятон дорад ва на зиёне ба шумо мерасонад? info
التفاسير:

external-link copy
67 : 21

أُفّٖ لَّكُمۡ وَلِمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ

Вой бар шумо ва бар он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед! Оё намеандешед?” info
التفاسير:

external-link copy
68 : 21

قَالُواْ حَرِّقُوهُ وَٱنصُرُوٓاْ ءَالِهَتَكُمۡ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ

Онон гуфтанд: “Агар мехоҳед [барои муҷозоташ] коре кунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудонатонро ёрӣ диҳед” info
التفاسير:

external-link copy
69 : 21

قُلۡنَا يَٰنَارُ كُونِي بَرۡدٗا وَسَلَٰمًا عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ

[Саранҷом ӯро дар оташ андохтанд, вале Мо] Гуфтем: “Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош” info
التفاسير:

external-link copy
70 : 21

وَأَرَادُواْ بِهِۦ كَيۡدٗا فَجَعَلۡنَٰهُمُ ٱلۡأَخۡسَرِينَ

Ва хостанд барои [нобудии ӯ найранге ба кор баранд, вале Мо ононро зиёнкортарин [мардум] сохтем info
التفاسير:

external-link copy
71 : 21

وَنَجَّيۡنَٰهُ وَلُوطًا إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَا لِلۡعَٰلَمِينَ

Ва ӯ ва Лутро [бо ҳиҷрат] ба сарзамине, ки барои ҷаҳониён дар он баракат ниҳодаем [Шом], наҷот додем info
التفاسير:

external-link copy
72 : 21

وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ نَافِلَةٗۖ وَكُلّٗا جَعَلۡنَا صَٰلِحِينَ

Ва Исҳоқ ва [навааш] Яъқубро [низ ба унвони бахшиш] афзунӣ ба ӯ бахшидем ва ҳамагиашонро [афроде] шоиста гардонидем info
التفاسير: