ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
63 : 11

قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَءَاتَىٰنِي مِنۡهُ رَحۡمَةٗ فَمَن يَنصُرُنِي مِنَ ٱللَّهِ إِنۡ عَصَيۡتُهُۥۖ فَمَا تَزِيدُونَنِي غَيۡرَ تَخۡسِيرٖ

[Солеҳ] Гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед,[ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва Ӯ аз ҷониби хеш ба ман раҳмате [нубувват] бахшида бошад, пас, агар аз Ӯ нофармонӣ кунам, чи касе маро дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ мекунад? Пас, шумо ҷуз зиёнкорӣ [чизе] бар ман намеафзоед info
التفاسير:

external-link copy
64 : 11

وَيَٰقَوۡمِ هَٰذِهِۦ نَاقَةُ ٱللَّهِ لَكُمۡ ءَايَةٗۖ فَذَرُوهَا تَأۡكُلۡ فِيٓ أَرۡضِ ٱللَّهِۖ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابٞ قَرِيبٞ

Эй қавми ман, ин модашутури Аллоҳ таоло аст, ки барои шумо нишонаест [бар дурустии даъватам], пас, бигзоред, то дар замини Аллоҳ таоло бичарад ва озоре ба ӯ нарасонед, ки [дар ғайри ин сурат] азобе зудрас шуморо фаро мегирад» info
التفاسير:

external-link copy
65 : 11

فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُواْ فِي دَارِكُمۡ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٖۖ ذَٰلِكَ وَعۡدٌ غَيۡرُ مَكۡذُوبٖ

Пас, он [модашутур]-ро пай (захми) карданд, он гоҳ [Солеҳ ба онон] гуфт: «Се рӯз дар хонаҳоятон [аз неъматҳои дунё] баҳраманд гардед [ва пас аз он азоб хоҳад омад]. Ин ваъдаест, ки дурӯғ нахоҳад буд» info
التفاسير:

external-link copy
66 : 11

فَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا نَجَّيۡنَا صَٰلِحٗا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَمِنۡ خِزۡيِ يَوۡمِئِذٍۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلۡقَوِيُّ ٱلۡعَزِيزُ

Пас, чун фармони [азоб]-и мо фаро расид, Солеҳ ва касонеро, ки ҳамроҳаш имон оварда буданд, ба раҳмате аз [ҷониби] хеш аз [азобу] расвоии он рӯз наҷот додем. Бе гумон, Парвардигорат ҳамон тавонманди шикастнопазир аст info
التفاسير:

external-link copy
67 : 11

وَأَخَذَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلصَّيۡحَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دِيَٰرِهِمۡ جَٰثِمِينَ

Ва касонеро, ки ситам карда буданд, бонг [-и маргбор]-е фаро гирифт, пас, дар ҷойи хеш ба рӯ афтоданд ва ҳалок шуданд info
التفاسير:

external-link copy
68 : 11

كَأَن لَّمۡ يَغۡنَوۡاْ فِيهَآۗ أَلَآ إِنَّ ثَمُودَاْ كَفَرُواْ رَبَّهُمۡۗ أَلَا بُعۡدٗا لِّثَمُودَ

Чунончи гӯӣ дар он [диёр] набудаанд. Огоҳ бошед! [Қавми] Самуд ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Ҳон! Самуд [аз раҳмати илоҳӣ] дур бод! info
التفاسير:

external-link copy
69 : 11

وَلَقَدۡ جَآءَتۡ رُسُلُنَآ إِبۡرَٰهِيمَ بِٱلۡبُشۡرَىٰ قَالُواْ سَلَٰمٗاۖ قَالَ سَلَٰمٞۖ فَمَا لَبِثَ أَن جَآءَ بِعِجۡلٍ حَنِيذٖ

Ба ростӣ, фиристодагони Мо бо башорати [таваллуди фарзанд] назди Иброҳим омаданд,[ва] гуфтанд: «Салом [бар ту]». [Ӯ низ дар посух] Гуфт: «Салом [бар шумо]» ва дере напоид, ки [Иброҳим барояшон] гӯсолае бирён овард info
التفاسير:

external-link copy
70 : 11

فَلَمَّا رَءَآ أَيۡدِيَهُمۡ لَا تَصِلُ إِلَيۡهِ نَكِرَهُمۡ وَأَوۡجَسَ مِنۡهُمۡ خِيفَةٗۚ قَالُواْ لَا تَخَفۡ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمِ لُوطٖ

Пас, чун дид ба сӯйи он [ғизо] даст намебаранд [ва чизе намехӯранд], бо онон эҳсоси бегонагӣ кард ва [аз бими он ки қасди қатлашро дошта бошанд] аз онон тарсе ба дил гирифт. [Фариштагон] Гуфтанд: «Натарс, мо ба сӯйи қавми Лут фиристода шудаем» info
التفاسير:

external-link copy
71 : 11

وَٱمۡرَأَتُهُۥ قَآئِمَةٞ فَضَحِكَتۡ فَبَشَّرۡنَٰهَا بِإِسۡحَٰقَ وَمِن وَرَآءِ إِسۡحَٰقَ يَعۡقُوبَ

Ва ҳамсараш [Сора, ки пушти парда] истода буд, [аз шунидани хабари таваллуди фарзанд] хандид, он гоҳ ӯро ба Исҳоқ ва пас аз ӯ ба Яъқуб башорат додем info
التفاسير: