ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
46 : 11

قَالَ يَٰنُوحُ إِنَّهُۥ لَيۡسَ مِنۡ أَهۡلِكَۖ إِنَّهُۥ عَمَلٌ غَيۡرُ صَٰلِحٖۖ فَلَا تَسۡـَٔلۡنِ مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٌۖ إِنِّيٓ أَعِظُكَ أَن تَكُونَ مِنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Нуҳ, дар ҳақиқат, ӯ аз хонадони ту нест. [Кирдори] Ӯ кирдори ношоиста аст. Пас, чизеро, ки ба он дониш надорӣ, аз Ман махоҳ. Ман туро панд медиҳам, ки мабодо аз ҷоҳилон бошӣ» info
التفاسير:

external-link copy
47 : 11

قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَعُوذُ بِكَ أَنۡ أَسۡـَٔلَكَ مَا لَيۡسَ لِي بِهِۦ عِلۡمٞۖ وَإِلَّا تَغۡفِرۡ لِي وَتَرۡحَمۡنِيٓ أَكُن مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ

[Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба Ту паноҳ мебарам, ки аз Ту чизе бихоҳам, ки ба он донише надорам ва агар маро набахшӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкоронам» info
التفاسير:

external-link copy
48 : 11

قِيلَ يَٰنُوحُ ٱهۡبِطۡ بِسَلَٰمٖ مِّنَّا وَبَرَكَٰتٍ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ أُمَمٖ مِّمَّن مَّعَكَۚ وَأُمَمٞ سَنُمَتِّعُهُمۡ ثُمَّ يَمَسُّهُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٞ

Гуфта шуд: «Эй Нуҳ, бо [амнияту] саломат аз ҷониби Мо ва [низ ҳамроҳ бо] баракатҳои [фаровон] бар ту ва бар гурӯҳҳое, ки ҳамроҳат ҳастанд, [бар замин] фуруд о ва гурӯҳҳое [низ] ҳастанд, ки ба зудӣ ононро [аз неъматҳо] баҳраманд месозем, сипас азоби дардноке аз сӯйи Мо ба онон хоҳад расид» info
التفاسير:

external-link copy
49 : 11

تِلۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهَآ إِلَيۡكَۖ مَا كُنتَ تَعۡلَمُهَآ أَنتَ وَلَا قَوۡمُكَ مِن قَبۡلِ هَٰذَاۖ فَٱصۡبِرۡۖ إِنَّ ٱلۡعَٰقِبَةَ لِلۡمُتَّقِينَ

[Эй паёмбар] Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй мекунем. На ту онҳоро пеш аз ин медонистӣ ва на қавмат, пас,[бар озорашон] шикебоӣ кун. Яқинан, оқибати [наку] аз они парҳезгорон аст info
التفاسير:

external-link copy
50 : 11

وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۖ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا مُفۡتَرُونَ

Ва ба сӯйи қавми Од бародарашон Ҳудро [фиристодем, ки] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки маъбуд [-и барҳақ]-е ҷуз Ӯ надоред [ва] шумо [дар ширк ба Аллоҳ таоло] дурӯғбофоне беш нестед info
التفاسير:

external-link copy
51 : 11

يَٰقَوۡمِ لَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًاۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱلَّذِي فَطَرَنِيٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ

«Эй қавми ман, барои [расонидани] ин [даъват] аз шумо подоше наметалабам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] касест, ки маро офарид. Оё намеандешед? info
التفاسير:

external-link copy
52 : 11

وَيَٰقَوۡمِ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِ يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارٗا وَيَزِدۡكُمۡ قُوَّةً إِلَىٰ قُوَّتِكُمۡ وَلَا تَتَوَلَّوۡاْ مُجۡرِمِينَ

Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардед [ва тавба кунед], то [борони] осмонро паёпай бар шумо бифиристад ва неруе бар неруятон биафзояд ва гунаҳкорона [аз ҳақ] рӯй нагардонед» info
التفاسير:

external-link copy
53 : 11

قَالُواْ يَٰهُودُ مَا جِئۡتَنَا بِبَيِّنَةٖ وَمَا نَحۡنُ بِتَارِكِيٓ ءَالِهَتِنَا عَن قَوۡلِكَ وَمَا نَحۡنُ لَكَ بِمُؤۡمِنِينَ

Онон гуфтанд: «Эй Ҳуд, бароямон далели равшане наовардаӣ ва мо ба [хотири] гуфтори ту маъбудонамонро раҳо намекунем ва ба ту имон намеоварем info
التفاسير: