ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
20 : 11

أُوْلَٰٓئِكَ لَمۡ يَكُونُواْ مُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كَانَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنۡ أَوۡلِيَآءَۘ يُضَٰعَفُ لَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ مَا كَانُواْ يَسۡتَطِيعُونَ ٱلسَّمۡعَ وَمَا كَانُواْ يُبۡصِرُونَ

Онон дар замин нотавонкунанда [-и Аллоҳ аз азоби хеш] нестанд ва ҷуз Аллоҳ таоло дӯстоне надоранд. Азоб бар эшон дучанд мешавад,[чаро ки] онон на тавони шунидан [-и ҳақро] доштанд ва на [ҳақоиқро] медиданд info
التفاسير:

external-link copy
21 : 11

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ

Инонанд, ки ба хеш зиён заданд ва дурӯғҳое, ки мебофтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 11

لَا جَرَمَ أَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡأَخۡسَرُونَ

Ногузир онон дар охират аз ҳама зиёнкортаранд info
التفاسير:

external-link copy
23 : 11

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَأَخۡبَتُوٓاْ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон фурӯтанӣ намудаанд, инон яқинан биҳиштианд [ва] ҳам инон дар он ҷовидонанд info
التفاسير:

external-link copy
24 : 11

۞ مَثَلُ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ كَٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡأَصَمِّ وَٱلۡبَصِيرِ وَٱلسَّمِيعِۚ هَلۡ يَسۡتَوِيَانِ مَثَلًاۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ

Масали ин ду гурӯҳ [кофиру муъмин] ҳаммонанди нобино ва ношунаво [аз як сӯ] ва бино ва шунаво [аз сӯйи дигар] аст. Оё бо якдигар баробаранд? Оё панд намегиред? info
التفاسير:

external-link copy
25 : 11

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦٓ إِنِّي لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٌ

Ва ба ростӣ Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [бо ин паём], ки: «Ба ростӣ, ки ман бароятон бимдиҳандае ошкорам info
التفاسير:

external-link copy
26 : 11

أَن لَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۖ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ أَلِيمٖ

Ҷуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид ман аз азоби рӯзе дарднок бар шумо метарсам» info
التفاسير:

external-link copy
27 : 11

فَقَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ مَا نَرَىٰكَ إِلَّا بَشَرٗا مِّثۡلَنَا وَمَا نَرَىٰكَ ٱتَّبَعَكَ إِلَّا ٱلَّذِينَ هُمۡ أَرَاذِلُنَا بَادِيَ ٱلرَّأۡيِ وَمَا نَرَىٰ لَكُمۡ عَلَيۡنَا مِن فَضۡلِۭ بَلۡ نَظُنُّكُمۡ كَٰذِبِينَ

Бузургоне аз қавми ӯ, ки куфр варзида буданд, [дар посух] гуфтанд: «Туро ҷуз башаре ҳаммонанди хеш намебинем ва ба ҷуз фурӯмоягони мо [он ҳам надониста ва] насанҷида [каси дигареро] намебинем, ки аз ту пайравӣ карда бошад ва бароятон [ҳеҷ] бартарие бар худ намебинем, балки шуморо дурӯғгӯ мепиндорем» info
التفاسير:

external-link copy
28 : 11

قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَءَاتَىٰنِي رَحۡمَةٗ مِّنۡ عِندِهِۦ فَعُمِّيَتۡ عَلَيۡكُمۡ أَنُلۡزِمُكُمُوهَا وَأَنتُمۡ لَهَا كَٰرِهُونَ

[Нуҳ] гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед, [ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва Ӯ аз ҷониби хеш ба ман раҳмате [ нубувват] бахшида бошад ва [ин мавҳибат] аз диди шумо пӯшида бошад, оё мо метавонем ба [пазириши] он водоратон кунем ва ҳол он ки кароҳат доред? info
التفاسير: