ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
6 : 11

۞ وَمَا مِن دَآبَّةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ رِزۡقُهَا وَيَعۡلَمُ مُسۡتَقَرَّهَا وَمُسۡتَوۡدَعَهَاۚ كُلّٞ فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٖ

Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар [ин ки] рӯзиаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст ва [Ӯ] қароргоҳ ва маҳалли маргашро медонад. Ҳама [инҳо] дар китобе равшан [сабт] аст info
التفاسير:

external-link copy
7 : 11

وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ وَكَانَ عَرۡشُهُۥ عَلَى ٱلۡمَآءِ لِيَبۡلُوَكُمۡ أَيُّكُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗاۗ وَلَئِن قُلۡتَ إِنَّكُم مَّبۡعُوثُونَ مِنۢ بَعۡدِ ٱلۡمَوۡتِ لَيَقُولَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ

Ва Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид ва [пеш аз он] Арши Ӯ бар об буд, то шуморо биозмояд, ки кадоматон накукортаред. Ва агар [ба мушрикон] бигӯед: «Шумо пас аз марг барангехта мешавед», касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор» info
التفاسير:

external-link copy
8 : 11

وَلَئِنۡ أَخَّرۡنَا عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابَ إِلَىٰٓ أُمَّةٖ مَّعۡدُودَةٖ لَّيَقُولُنَّ مَا يَحۡبِسُهُۥٓۗ أَلَا يَوۡمَ يَأۡتِيهِمۡ لَيۡسَ مَصۡرُوفًا عَنۡهُمۡ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

Ва агар мо азобашонро то чанд муддате ба таъхир андозем, албатта,[аз рӯйи тамасхур] мегӯянд: «Чи чизе монеъи [вуқуъи] он шуда аст?» Огоҳ бошед! Рӯзе, ки [азоб] ба суроғашон биёяд, аз онон бозгардонида нахоҳад шуд ва он чиро ба масхара мегирифтанд, домангирашон хоҳад шуд info
التفاسير:

external-link copy
9 : 11

وَلَئِنۡ أَذَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِنَّا رَحۡمَةٗ ثُمَّ نَزَعۡنَٰهَا مِنۡهُ إِنَّهُۥ لَيَـُٔوسٞ كَفُورٞ

Ва агар аз ҷониби хеш раҳмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ӯ бигирем, ҳатман, дилсард [ва] носипос мегардад info
التفاسير:

external-link copy
10 : 11

وَلَئِنۡ أَذَقۡنَٰهُ نَعۡمَآءَ بَعۡدَ ضَرَّآءَ مَسَّتۡهُ لَيَقُولَنَّ ذَهَبَ ٱلسَّيِّـَٔاتُ عَنِّيٓۚ إِنَّهُۥ لَفَرِحٞ فَخُورٌ

Ва агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расидааст, неъмате ба ӯ бичашонем, ҳатман, мегӯяд: «Сахтиҳо [ва ногувориҳо] аз ман дур шуд». Ҳаққо, ки ӯ шодмону фахрфурӯш аст info
التفاسير:

external-link copy
11 : 11

إِلَّا ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٞ كَبِيرٞ

Магар касоне, ки шикебоӣ намуданд ва корҳои нек карданд. Барои эшон омурзишу подоши бузурге [дар пеш] аст info
التفاسير:

external-link copy
12 : 11

فَلَعَلَّكَ تَارِكُۢ بَعۡضَ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيۡكَ وَضَآئِقُۢ بِهِۦ صَدۡرُكَ أَن يَقُولُواْ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ كَنزٌ أَوۡ جَآءَ مَعَهُۥ مَلَكٌۚ إِنَّمَآ أَنتَ نَذِيرٞۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٌ

Ва [эй Паёмбар] мабодо [иблоғи] бархе аз он чиро, ки ба сӯят ваҳй мешавад, тарк кунӣ ва синаат аз он ба танг ояд, ки [мушрикон] мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ нозил нагаштааст ё фариштае бо ӯ наёмадааст»? Ҷуз ин нест, ки ту фақат бимдиҳандаӣ ва Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузори ҳар чизест info
التفاسير: