ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
118 : 11

وَلَوۡ شَآءَ رَبُّكَ لَجَعَلَ ٱلنَّاسَ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗۖ وَلَا يَزَالُونَ مُخۡتَلِفِينَ

Ва агар Парвардигорат мехост, [ҳамаи] мардумро як уммати [муваҳҳид ва дурусткор] қарор медод, вале [онон] ҳамвора мухталифанд info
التفاسير:

external-link copy
119 : 11

إِلَّا مَن رَّحِمَ رَبُّكَۚ وَلِذَٰلِكَ خَلَقَهُمۡۗ وَتَمَّتۡ كَلِمَةُ رَبِّكَ لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ

Магар касоне, ки Парвардигорат ба онон раҳм кард ва барои ҳамин ононро офаридааст ва ваъдаи Парвардигорат [чунин] таҳаққуқ пазируфтааст [ки]: «Ҳатман, дузахро аз ҷинну инсон [-и гунаҳгор] анбошта хоҳам сохт» info
التفاسير:

external-link copy
120 : 11

وَكُلّٗا نَّقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِۦ فُؤَادَكَۚ وَجَآءَكَ فِي هَٰذِهِ ٱلۡحَقُّ وَمَوۡعِظَةٞ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ

Ва [эй Муҳаммад] аз ахбори паёмбарон ин ҳамаро бар ту ҳикоят мекунем, то дилатро бо онҳо субот [-у оромиш] бахшем ва дар ин [саргузаштҳо] ҳақиқат бароят омадааст ва [ин достонҳо] пандест [барои кофирон] ва тазаккурест барои муъминон info
التفاسير:

external-link copy
121 : 11

وَقُل لِّلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ ٱعۡمَلُواْ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمۡ إِنَّا عَٰمِلُونَ

Ва ба касоне, ки имон намеоваранд, бигӯ: «Шумо ба равиши худ амал кунед, мо [низ ба шеваи худ] амал мекунем info
التفاسير:

external-link copy
122 : 11

وَٱنتَظِرُوٓاْ إِنَّا مُنتَظِرُونَ

Ва мунтазир бошед, [ки] бе тардид, мо [низ] мунтазирем» info
التفاسير:

external-link copy
123 : 11

وَلِلَّهِ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ يُرۡجَعُ ٱلۡأَمۡرُ كُلُّهُۥ فَٱعۡبُدۡهُ وَتَوَكَّلۡ عَلَيۡهِۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ

Ва [огоҳӣ аз] ғайби осмонҳо ва замин, аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамаи корҳо ба сӯйи ӯ бозгардонда мешавад. Пас, Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун ва Парвардигорат аз он чи мекунед,[ҳаргиз] ғофил нест info
التفاسير: