Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə - "Ruvvad" tərcümə mərkəzi.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
77 : 27

وَإِنَّهُۥ لَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ

Ва ҳаққо, ки раҳнамун ва раҳмате барои муъминон аст info
التفاسير:

external-link copy
78 : 27

إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُم بِحُكۡمِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡعَلِيمُ

Мусалламан, Парвардигорат [дар қиёмат] ба ҳукми хеш миёнашон доварӣ мекунад ва Ӯ шикастнопазири доност info
التفاسير:

external-link copy
79 : 27

فَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنَّكَ عَلَى ٱلۡحَقِّ ٱلۡمُبِينِ

Пас, бар Аллоҳ таоло таваккал кун. Ба ростӣ, ки ту бар ҳақиқати ошкор ҳастӣ info
التفاسير:

external-link copy
80 : 27

إِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَلَا تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوۡاْ مُدۡبِرِينَ

Ва ту ҳаргиз наметавонӣ мурдадилонро шунаво созӣ ва [нидои] даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд info
التفاسير:

external-link copy
81 : 27

وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِي ٱلۡعُمۡيِ عَن ضَلَٰلَتِهِمۡۖ إِن تُسۡمِعُ إِلَّا مَن يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسۡلِمُونَ

Ва ту наметавонӣ кӯрдилонро аз гумроҳиашон [бозгардонӣ ва] ҳидоят кунӣ. Ту [метавонӣ паёми ҳақро танҳо] ба гӯши касоне бирасонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд ва [дар баробари ҳақ] таслиманд info
التفاسير:

external-link copy
82 : 27

۞ وَإِذَا وَقَعَ ٱلۡقَوۡلُ عَلَيۡهِمۡ أَخۡرَجۡنَا لَهُمۡ دَآبَّةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ تُكَلِّمُهُمۡ أَنَّ ٱلنَّاسَ كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا لَا يُوقِنُونَ

Ва он гоҳ ки [дар остонаи қиёмат] фармони [азоб] бар онон воҷиб гардад, ҷунбандаеро барояшон аз замин бурун меоварем, ки бо онон [дар ин маврид] сухан бигӯяд, ки мардум ба оёти Мо яқин надоштанд info
التفاسير:

external-link copy
83 : 27

وَيَوۡمَ نَحۡشُرُ مِن كُلِّ أُمَّةٖ فَوۡجٗا مِّمَّن يُكَذِّبُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُمۡ يُوزَعُونَ

Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки аз ҳар уммате гурӯҳе аз онон, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ҷамъ мекунем, он гоҳ [барои ҳисобрасӣ ба саф] нигоҳ дошта мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
84 : 27

حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُو قَالَ أَكَذَّبۡتُم بِـَٔايَٰتِي وَلَمۡ تُحِيطُواْ بِهَا عِلۡمًا أَمَّاذَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

То ҳангоме ки [ба ҷойгоҳи ҳисобрасӣ] бирасанд, [дар он ҷо Аллоҳ таоло] мефармояд: «Оё дар ҳоле ки нисбат ба [ҳақиқати] оётам донише надоштед, онҳоро дурӯғ меангоштед? Ин чи коре буд, ки мекардед?» info
التفاسير:

external-link copy
85 : 27

وَوَقَعَ ٱلۡقَوۡلُ عَلَيۡهِم بِمَا ظَلَمُواْ فَهُمۡ لَا يَنطِقُونَ

Ва ба хотири ситаме, ки карданд, фармон [-и азоб] бар онон воқеъ мегардад ва ҳеҷ сухане [дар дифоъ аз худ] намегӯянд info
التفاسير:

external-link copy
86 : 27

أَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا جَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِيَسۡكُنُواْ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبۡصِرًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Оё надиданд, ки шабро падид овардаем, то дар он оромиш ёбанд ва рӯзро равшанибахш [сохтаем, то ба кор ва талош бипардозанд]? Бе тардид, дар ин [офариниш] барои онон, ки имон меоваранд, нишонаҳо [-и равшане аз қудрати Аллоҳ таоло] аст info
التفاسير:

external-link copy
87 : 27

وَيَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَفَزِعَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُۚ وَكُلٌّ أَتَوۡهُ دَٰخِرِينَ

Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки дар сур дамида мешавад ва ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, ваҳшат мекунад, магар он ки Аллоҳ таоло бихоҳад ва ҳамагӣ бо хорӣ [ва зиллат] ба пешгоҳи Аллоҳ таоло меоянд info
التفاسير:

external-link copy
88 : 27

وَتَرَى ٱلۡجِبَالَ تَحۡسَبُهَا جَامِدَةٗ وَهِيَ تَمُرُّ مَرَّ ٱلسَّحَابِۚ صُنۡعَ ٱللَّهِ ٱلَّذِيٓ أَتۡقَنَ كُلَّ شَيۡءٍۚ إِنَّهُۥ خَبِيرُۢ بِمَا تَفۡعَلُونَ

Ва кӯҳҳоро мебинӣ [ва] онҳоро беҳаракат мепиндорӣ, ҳол он ки монанди гузари абрҳо дар ҳаракатанд. Ин офариниши илоҳӣ аст, ки ҳар чизеро маҳкам [-у устувор] падид овардааст. Бе тардид, Ӯ ба он чи мекунед огоҳ аст info
التفاسير: