Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə - "Ruvvad" tərcümə mərkəzi.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
64 : 27

أَمَّن يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَمَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки офаринишро оғоз кард ва сипас онро бозмегардонад ва [ё] он ки аз осмон ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Бигӯ: «Агар ростгӯед, далелатонро биёваред» info
التفاسير:

external-link copy
65 : 27

قُل لَّا يَعۡلَمُ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلۡغَيۡبَ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ

Бигӯ: «Касе дар осмонҳо ва замин аз ғайб огоҳ нест, магар Аллоҳ таоло. Ва намедонанд чи замоне барангехта мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
66 : 27

بَلِ ٱدَّٰرَكَ عِلۡمُهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ مِّنۡهَاۖ بَلۡ هُم مِّنۡهَا عَمُونَ

Оё илмашон дар бораи охират ба камол расидааст [ва дар борааш яқин доранд? Ҳаргиз], балки онон дар ин маврид дар шак [-у ҳайронӣ] ҳастанд, балки эшон нисбат ба [фаҳми] он [бебасират ва] кӯрдиланд info
التفاسير:

external-link copy
67 : 27

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا تُرَٰبٗا وَءَابَآؤُنَآ أَئِنَّا لَمُخۡرَجُونَ

Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мо ва падаронамон хок шудем, моро [зинда мекунанд ва аз гӯр] берун меоваранд? info
التفاسير:

external-link copy
68 : 27

لَقَدۡ وُعِدۡنَا هَٰذَا نَحۡنُ وَءَابَآؤُنَا مِن قَبۡلُ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ

Дар ҳақиқат, инро ба мо ва пеш аз ин ба падаронамон [низ] ваъда додаанд. Ин [сухан чизе] нест, магар афсонаҳои пешиниён» info
التفاسير:

external-link copy
69 : 27

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ

[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми гунаҳгорон чи гуна будааст» info
التفاسير:

external-link copy
70 : 27

وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَلَا تَكُن فِي ضَيۡقٖ مِّمَّا يَمۡكُرُونَ

Ва аз [рӯйгардонии] онон ғамгин набош ва аз найрангҳое, ки меварзанд, дилтанг нашав info
التفاسير:

external-link copy
71 : 27

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [-и азоб] кай хоҳад буд»? info
التفاسير:

external-link copy
72 : 27

قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ رَدِفَ لَكُم بَعۡضُ ٱلَّذِي تَسۡتَعۡجِلُونَ

Бигӯ: «Чи басо бархе аз он чи ба шитоб мехоҳед, ба шумо наздик бошад» info
التفاسير:

external-link copy
73 : 27

وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ

Ва бе гумон, Парвардигорат нисбат ба мардум бахшиш [-у раҳмат] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд info
التفاسير:

external-link copy
74 : 27

وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَعۡلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمۡ وَمَا يُعۡلِنُونَ

Ва бе тардид, Парвардигорат он чиро дар синаҳояшон пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, ба хубӣ медонад info
التفاسير:

external-link copy
75 : 27

وَمَا مِنۡ غَآئِبَةٖ فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٍ

Ва ҳеҷ пинҳонӣ дар осмону замин нест, магар он ки дар китобе равшан [Лавҳи маҳфуз] сабт аст info
التفاسير:

external-link copy
76 : 27

إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَقُصُّ عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَكۡثَرَ ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ

Бе гумон, ин Қуръон бештар он чиро, ки Бани Исроил дар борааш ихтилоф доранд, барояшон баён мекунад info
التفاسير: