Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə - "Ruvvad" tərcümə mərkəzi.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
45 : 27

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ فَإِذَا هُمۡ فَرِيقَانِ يَخۡتَصِمُونَ

Ва ба сӯйи қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки [бигӯяд] «Аллоҳи ягонаро бипарастед», вале онон ба ду гурӯҳ [муъминон ва кофирон] тақсим шуданд ва ба ситез пардохтанд info
التفاسير:

external-link copy
46 : 27

قَالَ يَٰقَوۡمِ لِمَ تَسۡتَعۡجِلُونَ بِٱلسَّيِّئَةِ قَبۡلَ ٱلۡحَسَنَةِۖ لَوۡلَا تَسۡتَغۡفِرُونَ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ

[Солеҳ] Гуфт: «Эй қавми ман, чаро ба ҷойи раҳмат шитобзада хоҳони азоби илоҳӣ ҳастед? Чаро аз Аллоҳ таоло омурзиш намехоҳед? Бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред» info
التفاسير:

external-link copy
47 : 27

قَالُواْ ٱطَّيَّرۡنَا بِكَ وَبِمَن مَّعَكَۚ قَالَ طَٰٓئِرُكُمۡ عِندَ ٱللَّهِۖ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ تُفۡتَنُونَ

Онон гуфтанд: «Мо ту ва касонеро, ки ҳамроҳат ҳастанд, ба фоли бад гирифтаем». [Солеҳ] Гуфт: «Фоли бади шумо [ва дониши он] назди Аллоҳ таоло аст, балки шумо гурӯҳе ҳастед, ки озмоиш мешавед» info
التفاسير:

external-link copy
48 : 27

وَكَانَ فِي ٱلۡمَدِينَةِ تِسۡعَةُ رَهۡطٖ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ

Ва дар шаҳр [-и Ҳиҷр] нуҳ нафар [сардастаи гурӯҳ] буданд, ки дар он сарзамин ба фасод мепардохтанд ва [ҳеҷ] кори шоистае намекарданд info
التفاسير:

external-link copy
49 : 27

قَالُواْ تَقَاسَمُواْ بِٱللَّهِ لَنُبَيِّتَنَّهُۥ وَأَهۡلَهُۥ ثُمَّ لَنَقُولَنَّ لِوَلِيِّهِۦ مَا شَهِدۡنَا مَهۡلِكَ أَهۡلِهِۦ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ

[Онон ба якдигар] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунед, ки бар ӯ [Солеҳ] ва хонаводааш шабехун бизанем [ва ононро бикушем]. Он гоҳ ба хунхоҳаш бигӯем: «Мо ҳангоми куштори хонаводааш ҳозир набудем ва ҳатман, рост мегӯем» info
التفاسير:

external-link copy
50 : 27

وَمَكَرُواْ مَكۡرٗا وَمَكَرۡنَا مَكۡرٗا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Онон [барои қатли Солеҳ ва пайравонаш] найранге ба кор бурданд ва Мо [барои нобудии кофирон] низ найранге андешидем, дар ҳоле ки онон намедонистанд info
التفاسير:

external-link copy
51 : 27

فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ مَكۡرِهِمۡ أَنَّا دَمَّرۡنَٰهُمۡ وَقَوۡمَهُمۡ أَجۡمَعِينَ

Пас, бингар оқибати найрангашон чи шуд: мо ҳамаи он афрод ва қавмашонро нобуд кардем info
التفاسير:

external-link copy
52 : 27

فَتِلۡكَ بُيُوتُهُمۡ خَاوِيَةَۢ بِمَا ظَلَمُوٓاْۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

Инак хонаҳояшон ба сазои ситаме, ки карданд, [вайрону] тиҳӣ мондааст. Бе гумон, дар ин [кайфар] барои касоне, ки медонанд [ва имон доранд] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст info
التفاسير:

external-link copy
53 : 27

وَأَنجَيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ

Ва касонеро, ки имон оварда ва парҳезкор буданд, [ҳамроҳи Солеҳ] наҷот додем info
التفاسير:

external-link copy
54 : 27

وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ وَأَنتُمۡ تُبۡصِرُونَ

Ва [ёд кун аз] Лут он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Бо он ки [зиштӣ ва гуноҳи ливотро] медонед, оё [боз ҳам] муртакиби ин амали бешармона мешавед? info
التفاسير:

external-link copy
55 : 27

أَئِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ شَهۡوَةٗ مِّن دُونِ ٱلنِّسَآءِۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ تَجۡهَلُونَ

Оё аз рӯйи шаҳват ба ҷойи занон бо мардон дармеомезед? Балки шумо гурӯҳе нодонед» info
التفاسير: