84. Бигў ба онон эй Расул: «Ба Аллоҳ бовар кардем ва моро маъбуде ғайр аз Ў нест ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ў (Яъқуб)[233] ва низ он чӣ бар Мўсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама ба рубубият ва улуҳияти Парвардигорамон иқрор ҳастем ва таслими иродаи Ў ҳастем».
85. Ва ҳар кас, ки динеро ғайр аз ислом[234] бипазирад, пас амалаш мардуд ва қабул нест ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд. Ислом, таслим шудан ба Аллоҳ ва сар фурў овардан ба тоъат ва пайрави кардан ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.[235]
91. Онон, ки инкор карданд паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) -ро ва бар ақидаи куфрашон мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.[236]