Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko- Khoja Mirov Khoja Mir

Número de página:close

external-link copy
84 : 3

قُلۡ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمۡ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّنۡهُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ

84. Бигў ба онон эй Расул: «Ба Аллоҳ бовар кардем ва моро маъбуде ғайр аз Ў нест ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ў (Яъқуб)[233] ва низ он чӣ бар Мўсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама ба рубубият ва улуҳияти Парвардигорамон иқрор ҳастем ва таслими иродаи Ў ҳастем». info

[233]Онон дувоздаҳ нафар буданд аз қабилаҳои бани Исроил. Тафсири ибни Касир 2\70

التفاسير:

external-link copy
85 : 3

وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ

85. Ва ҳар кас, ки динеро ғайр аз ислом[234] бипазирад, пас амалаш мардуд ва қабул нест ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд. Ислом, таслим шудан ба Аллоҳ ва сар фурў овардан ба тоъат ва пайрави кардан ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.[235] info

[234]Ислом динест, ки Аллоҳ барои бандагонаш вайро писандидааст.
[235] Тафсири Саъдӣ 1\137

التفاسير:

external-link copy
86 : 3

كَيۡفَ يَهۡدِي ٱللَّهُ قَوۡمٗا كَفَرُواْ بَعۡدَ إِيمَٰنِهِمۡ وَشَهِدُوٓاْ أَنَّ ٱلرَّسُولَ حَقّٞ وَجَآءَهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ

86. Чӣ гуна Аллоҳ ҳидоят кунад қавмеро, ки аввал имон оварданд ва ба ҳаққонияти паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шаҳодат доданд ва далоилу оёти равшанро мушоҳида карданд, сипас кофир шуданд? Аллоҳ ситамкоронеро, ки куфрро бар имон ихтиёр карданд, ҳидоят намекунад! info
التفاسير:

external-link copy
87 : 3

أُوْلَٰٓئِكَ جَزَآؤُهُمۡ أَنَّ عَلَيۡهِمۡ لَعۡنَةَ ٱللَّهِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ

87. Ҷазои он золимон ин аст, ки лаънати Аллоҳ ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст. Пас онон аз раҳмати Аллоҳ дур ҳастанд. info
التفاسير:

external-link copy
88 : 3

خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ

88. Абадӣ дар дўзах бимонанд ва аз азобашон кам нашавад, то каме роҳат кунанд ва агар узр пеша кунанд, мўҳлаташон надиҳанд, info
التفاسير:

external-link copy
89 : 3

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ

89. магар онон, ки баъд аз куфрашон тавбаи насуҳ карданд, ва ислоҳ шуданд, пас Аллоҳ тавбаашонро қабул мекунад, зеро Аллоҳ омўрзанда ва меҳрубон аст! info
التفاسير:

external-link copy
90 : 3

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بَعۡدَ إِيمَٰنِهِمۡ ثُمَّ ٱزۡدَادُواْ كُفۡرٗا لَّن تُقۡبَلَ تَوۡبَتُهُمۡ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلضَّآلُّونَ

90. Тавбаи касоне, ки пас аз имон оварданашон кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, то дами марг, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳонанд! info
التفاسير:

external-link copy
91 : 3

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَمَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٞ فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡ أَحَدِهِم مِّلۡءُ ٱلۡأَرۡضِ ذَهَبٗا وَلَوِ ٱفۡتَدَىٰ بِهِۦٓۗ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ

91. Онон, ки инкор карданд паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) -ро ва бар ақидаи куфрашон мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.[236] info

[236]Тафсири Бағавӣ 2\65

التفاسير: