Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko- Khoja Mirov Khoja Mir

Número de página:close

external-link copy
38 : 3

هُنَالِكَ دَعَا زَكَرِيَّا رَبَّهُۥۖ قَالَ رَبِّ هَبۡ لِي مِن لَّدُنكَ ذُرِّيَّةٗ طَيِّبَةًۖ إِنَّكَ سَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ

38. Дар он ҷо, ки Закариё алайҳиссалом ин ҳолатро дид ва меҳрубонии Аллоҳро нисбат ба Марям мушоҳида кард, аз Аллоҳ хост, то ўро фарзанде бидиҳад. Ин дар ҳоле буд, ки ў аз доштани фарзанд ноумед шуда буд. Пас гуфт: “Парвардигоро! Аз ҷониби худ фарзанди некў барои ман ато фармо! Ҳамоно Ту шунавандаи дуъо ҳастӣ”. info
التفاسير:

external-link copy
39 : 3

فَنَادَتۡهُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَهُوَ قَآئِمٞ يُصَلِّي فِي ٱلۡمِحۡرَابِ أَنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكَ بِيَحۡيَىٰ مُصَدِّقَۢا بِكَلِمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَسَيِّدٗا وَحَصُورٗا وَنَبِيّٗا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

39. Пас, Закариё алайҳиссалом дар ҳоле, ки дар ибодатгоҳ ба намоз истода буд, фариштагон ўро нидо доданд, ки Аллоҳ туро ба Яҳё мужда медиҳад, ки тасдиқкунандаи калимаи[207] Аллоҳаст ва ў Яҳё алайҳиссалом пешво ва аз паёмбарони бузургвор аст ва аз гуноҳ ва майл ба занон дур аст. Ва паёмбаре аз ҷумлаи солеҳон аст. info

[207] Мурод аз ин калима Исо алайҳиссалом аст. Тафсири Табарӣ 6\371

التفاسير:

external-link copy
40 : 3

قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَقَدۡ بَلَغَنِيَ ٱلۡكِبَرُ وَٱمۡرَأَتِي عَاقِرٞۖ قَالَ كَذَٰلِكَ ٱللَّهُ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ

40. Закариё алайҳиссалом бо таъаҷҷуб ҷавоб дод: Парвардигоро! Бо вуҷуди ин ду монеъ, яъне пирӣ ва назоидани ҳамсарам, аз чи роҳе ман соҳиби фарзанд мешавам?!” Фармуд: Инчунин Аллоҳ ҳар чи бихоҳад аз корҳои аҷиб бар хилофи одатҳо анҷом медиҳад. info
التفاسير:

external-link copy
41 : 3

قَالَ رَبِّ ٱجۡعَل لِّيٓ ءَايَةٗۖ قَالَ ءَايَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ ٱلنَّاسَ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٍ إِلَّا رَمۡزٗاۗ وَٱذۡكُر رَّبَّكَ كَثِيرٗا وَسَبِّحۡ بِٱلۡعَشِيِّ وَٱلۡإِبۡكَٰرِ

41. Гуфт Закариё алайҳиссалом: «Эй Парвардигори ман, барои ман нишонае падидор кун, ки далолат кунад ба фарзанддоршавии ман, то шод шавам». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се рўз бо мардум сухан нагўӣ, магар ба ишора-ҳоло ин ки сиҳату саломат ҳастӣ ва Парвардигоратро хеле ҳам зиёдтар ёд кун ва дар шабонгоҳу бомдод барои Ў намоз хон. info
التفاسير:

external-link copy
42 : 3

وَإِذۡ قَالَتِ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَٰمَرۡيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰكِ وَطَهَّرَكِ وَٱصۡطَفَىٰكِ عَلَىٰ نِسَآءِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

42. Ба ёд ор эй Расул, ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, Аллоҳ туро интихоб кард барои тоъаташ ва покиза сохт туро аз рафторҳои бад ва бар занони ҷаҳон бартарӣ дод. info
التفاسير:

external-link copy
43 : 3

يَٰمَرۡيَمُ ٱقۡنُتِي لِرَبِّكِ وَٱسۡجُدِي وَٱرۡكَعِي مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ

43. Фариштагон гуфтанд: Эй Марям, давомат кун бар тоъати Парвардигорат, саҷда кун ва рукуъ кун ҳамроҳи рукуъ кунандагон яъне бо намозгузорон намоз бихон аз барои шукри Парвардигорат!»[208] info

[208]Тафсири Бағавӣ 2\37

التفاسير:

external-link copy
44 : 3

ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۚ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يُلۡقُونَ أَقۡلَٰمَهُمۡ أَيُّهُمۡ يَكۡفُلُ مَرۡيَمَ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يَخۡتَصِمُونَ

44. Ин қиссаҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту эй Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом ваҳй мекунем. Он гоҳ, ки ихтилоф карданд, то чӣ касе аз миёнашон сарпарасти Марям шавад, қуръа партофтанд. Пас Закариё алайҳиссалом он қуръаро бурид, ту дар наздашон набудӣ.[209] info

[209] Тафсири Бағавӣ 2\38

التفاسير:

external-link copy
45 : 3

إِذۡ قَالَتِ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَٰمَرۡيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكِ بِكَلِمَةٖ مِّنۡهُ ٱسۡمُهُ ٱلۡمَسِيحُ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ وَجِيهٗا فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ

45. Набудӣ эй Расул, ҳангоме ки фариштагон гуфтанд ; «Эй Марям, Аллоҳ туро ба калимаи Худ мужда медиҳад: Номи ў, Исои Масеҳ, писари Марям аст. Дар дунё обрўманд ва дар охират аз наздикон аст. info
التفاسير: