53. Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, дар Инҷил имон овардем ва ба паёмбарат Исо алайҳиссалом пайравӣ намудем. Моро бинавис аз ҷумлаи он касоне, ки Туро ба ягонагиат ва барҳақ будани рисолаи паёмбаронат, гувоҳӣ медиҳанд. Ва он гувоҳидиҳандагон умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд.
56. Аммо онон, ки кофир шуданд аз яҳудиҳо ва ё касоне, ки дар таърифи Исо аз ҳад гузаштанд аз насоро, онҳоро дар дунё ба қатл ва гирифтани мол ва рафтани мулк ва дар охират ба оташ, сахт азоб хоҳам кард ва барояшон мададгороне нест, ки ононро аз азоби Аллоҳ бираҳонад!
58. Ин қиссаҳое, ки бар ту мехонем эй Муҳаммад, дар бораи Исо, аз далолатҳои равшан аст бар дуруст будани паёмбарии ту ва дуруст будани Қуръони ҳаким, ки ҳақро аз ботил ҷудо менамояд. Ва дар он ҳеҷ шак ва шубҳае нест.
59. Мисоли Исо, ки бе падар офарида шудааст, дар назди Аллоҳ чун мисоли Одам аст, ки ўро бе падар ва модар аз хок биёфарид ва ба ў гуфт: «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд. Пас онон, ки даъво карданд, ки Исо бе падар офарида шудааст, маъбуди бар ҳақ аст (яъне, Аллоҳ аст), даъвои ботил аст. Ва агар ин шубҳа саҳеҳ буд, Одам аз Исо сазовортар буд, зеро Одам бе падар ва модар офарида шуд. Ва ҳама бар он итифоқ ҳастанд, ки ў бандае аз бандагони Аллоҳ аст.[218]
60. Ин ҳақ аст аз ҷониби Парвардигори ту ва он чи дар мавриди Исо омад, шакке дар он нест, пас ба имони худ устувор бош ва аз шаккунандагон мабош! Дар ин оят субот ва оромӣ аст барои Расулаллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам.
61. Пас, ҳар кӣ баъд аз он чи ба ту аз дониш омад, дар бораи Исо алайҳиссалом, бо ту ҷидол кунад, бигў: «Биёед фарзандонамон ва фарзандонатон ва занонамон ва занонатонро даъват намоем ва мо худро омода мекунем ва шумо ҳам худро омода кунед. Сипас дасти дуъо ва зорӣ ба сўи Аллоҳ дароз мекунем ва лаънати Аллоҳро бар дурўғгўён қарор медиҳем.