25. Пас дар рўзи қиёмат, он гоҳ ки Аллоҳ онҳоро ҷамъ мекунад, ҳоли онҳо чи гуна хоҳад буд!? Ҳол он ки дар омадани он рўзи қиёмат шак нест ва ба ҳар шахсе ҷазои он чи амал кардааст, пурра дода мешавад ва бар онҳо ситам намешавад.
26. Эй Расул, рў ба сўи Парвардигорат кун бо дуъо ва бигў: Бор Илоҳо, Туӣ подшоҳи мулки дунёву охират! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, дар замин мулк (мол ва султон) медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, бо тоъатат дар дунё ва охират иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, ба маъсият хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти Туст ва Ту бар ҳар коре тавоноӣ![202]
27. Аз нишонаҳои қудрати Ту, ин ки шабро ба рўз ва рўзро ба шаб дармеоварӣ. Инро ба ҷои он ва онро ба ҷои ин қарор медиҳӣ, бар шаб меафзоӣ ва аз рўз кам мекунӣ, то бо ин корҳо ва манофеъи бандагон таъмин шавад. Ва зиндаро аз мурда падид меоварӣ, ҳамон тавре ки киштзорҳои гуногунро аз дона мерўёнӣ ва мўъминро аз кофир падид меоварӣ ва мурдаро аз зинда берун мекунӣ ва тухми мурғи беҷонро аз мурғи зинда берун меоварӣ. Ва ба ҳар ки бихоҳӣ, беҳисоб рўзӣ медиҳӣ!