Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克斯坦语翻译 - 先锋翻译中心

Số trang:close

external-link copy
25 : 30

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن تَقُومَ ٱلسَّمَآءُ وَٱلۡأَرۡضُ بِأَمۡرِهِۦۚ ثُمَّ إِذَا دَعَاكُمۡ دَعۡوَةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ إِذَآ أَنتُمۡ تَخۡرُجُونَ

Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки осмонҳо ва замин ба фармонаш барпост ва [рӯзи қиёмат] ҳангоме ки бо нидое шуморо аз замин фаро мехонад, ногаҳон [ҳамагӣ аз гӯрҳо] берун меоед info
التفاسير:

external-link copy
26 : 30

وَلَهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ كُلّٞ لَّهُۥ قَٰنِتُونَ

Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамагӣ [таслиму] фармонбари Ӯ ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
27 : 30

وَهُوَ ٱلَّذِي يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَهُوَ أَهۡوَنُ عَلَيۡهِۚ وَلَهُ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад ва ин кор барояш осонтар [аз офариниши нахустин] аст ва бартарин васф дар осмонҳо ва замин барои Ӯст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
28 : 30

ضَرَبَ لَكُم مَّثَلٗا مِّنۡ أَنفُسِكُمۡۖ هَل لَّكُم مِّن مَّا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُم مِّن شُرَكَآءَ فِي مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ فَأَنتُمۡ فِيهِ سَوَآءٞ تَخَافُونَهُمۡ كَخِيفَتِكُمۡ أَنفُسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ

[Эй мушрикон] Аллоҳ таоло барои шумо аз худатон мисоле меоварад: «Оё аз бардагонатон касе ҳаст, ки дар амволе ба шумо додаем, шарикатон бошад, чунон ки ҳар ду [дар бархӯрдорӣ аз он амвол] яксон бошед ва ҳамон тавр ки [ба хотири тасарруфи мол] аз якдигар бим доред, аз онон низ бим дошта бошед? [Ҳол ки чунин нест, пас, чаро бандагон ва махлуқоти Аллоҳро бо Ӯ шарик медонед]? Мо оятамонро барои касоне, ки меандешанд, ин чунин ба равшани баён мекунем info
التفاسير:

external-link copy
29 : 30

بَلِ ٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَهۡوَآءَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٖۖ فَمَن يَهۡدِي مَنۡ أَضَلَّ ٱللَّهُۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ

[Далели ширк камбуди далоили тавҳидӣ нест] Балки ситамгорон бидуни илму огоҳӣ аз ҳавою ҳаваси худ пайравӣ мекунанд, пас онро, ки Аллоҳ таоло гумроҳ кардааст, чи касе ҳидоят мекунад? Ва онон [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре нахоҳанд дошт info
التفاسير:

external-link copy
30 : 30

فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفٗاۚ فِطۡرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيۡهَاۚ لَا تَبۡدِيلَ لِخَلۡقِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Пас, [эй Паёмбар,] ҳақгароёна ва холисона ба ин дин рӯ овар. [Ин оини пок] Ислом аст, ки Аллоҳ таоло фитрати мардумро бар асоси он сиришта аст. Ҳеҷ тағйире дар офариниши Аллоҳ таоло нест. Ин аст [роҳи рост ва] дини устувор, вале бештари мардум [ҳақиқатро] намедонанд info
التفاسير:

external-link copy
31 : 30

۞ مُنِيبِينَ إِلَيۡهِ وَٱتَّقُوهُ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

[Эй муъминон, ба даргоҳи Парвардигор тавба кунед ва] Ба сӯи Ӯ бозгардед ва аз Ӯ парво кунед ва намоз барпо доред ва аз мушрикон набошед info
التفاسير:

external-link copy
32 : 30

مِنَ ٱلَّذِينَ فَرَّقُواْ دِينَهُمۡ وَكَانُواْ شِيَعٗاۖ كُلُّ حِزۡبِۭ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُونَ

Аз касоне [набошед], ки дар динашон тафриқа эҷод карданд ва даста-даста шуданд ва ҳар гурӯҳе ба он чи назди хеш доранд хушнуданд info
التفاسير: