Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克斯坦语翻译 - 先锋翻译中心

Số trang:close

external-link copy
6 : 30

وَعۡدَ ٱللَّهِۖ لَا يُخۡلِفُ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

[Ин пирӯзӣ] Ваъдаи Аллоҳ таоло аст [ва] Аллоҳ таоло ҳаргиз аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад, вале бештари мардум намедонанд info
التفاسير:

external-link copy
7 : 30

يَعۡلَمُونَ ظَٰهِرٗا مِّنَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُمۡ عَنِ ٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ غَٰفِلُونَ

Онон фақат зоҳире аз зиндагии дунёро медонанд ва аз охират ғофиланд info
التفاسير:

external-link copy
8 : 30

أَوَلَمۡ يَتَفَكَّرُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۗ مَّا خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَأَجَلٖ مُّسَمّٗىۗ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِ بِلِقَآيِٕ رَبِّهِمۡ لَكَٰفِرُونَ

Оё бо худ намеандешанд, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва барои муддати муайяне наофаридааст? Бе тардид, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон [дар қиёматро] бовар надоранд info
التفاسير:

external-link copy
9 : 30

أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗ وَأَثَارُواْ ٱلۡأَرۡضَ وَعَمَرُوهَآ أَكۡثَرَ مِمَّا عَمَرُوهَا وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ فَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ

Оё [мушрикон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Онҳо бисёр нерумандтар аз инон буданд ва заминро [барои кишоварзӣ ва ободкорӣ] беш аз инон дигаргун сохтанд ва обод карданд ва паёмбаронашон бо далоили равшан ба суроғашон омаданд [аммо онон инкор карданд ва нобуд шуданд]. Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он набуд, ки ба эшон ситам кунад, балки онон худ ба хештан ситам мекарданд info
التفاسير:

external-link copy
10 : 30

ثُمَّ كَانَ عَٰقِبَةَ ٱلَّذِينَ أَسَٰٓـُٔواْ ٱلسُّوٓأَىٰٓ أَن كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَكَانُواْ بِهَا يَسۡتَهۡزِءُونَ

Он гоҳ саранҷоми касоне, ки бадӣ карда буданд, бисёр бадтар шуд, чаро ки оёти Аллоҳро дурӯғ меангоштанд ва онҳоро ба тамасхур мегирифтанд info
التفاسير:

external-link copy
11 : 30

ٱللَّهُ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

Аллоҳ таоло офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад, он гоҳ [дар қиёмат ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед info
التفاسير:

external-link copy
12 : 30

وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُبۡلِسُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ

Рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
13 : 30

وَلَمۡ يَكُن لَّهُم مِّن شُرَكَآئِهِمۡ شُفَعَٰٓؤُاْ وَكَانُواْ بِشُرَكَآئِهِمۡ كَٰفِرِينَ

[Дар он рӯз] Мушрикон аз байни маъбудони худ [ки мепарастиданд] ҳеҷ шафоатгаре нахоҳанд дошт ва нисбат ба маъбудонашон [ки онҳоро ҳамтои Аллоҳ таоло қарор дода буданд] куфр меварзанд info
التفاسير:

external-link copy
14 : 30

وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوۡمَئِذٖ يَتَفَرَّقُونَ

Рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, [мардум бар асоси корҳояшон] аз якдигар ҷудо мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
15 : 30

فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَهُمۡ فِي رَوۡضَةٖ يُحۡبَرُونَ

Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар бӯстоне [аз биҳишт] шодмон мегарданд info
التفاسير: