Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja

numero y'urupapuro: 34:2 close

external-link copy
220 : 2

فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۗ وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡيَتَٰمَىٰۖ قُلۡ إِصۡلَاحٞ لَّهُمۡ خَيۡرٞۖ وَإِن تُخَالِطُوهُمۡ فَإِخۡوَٰنُكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ ٱلۡمُفۡسِدَ مِنَ ٱلۡمُصۡلِحِۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَعۡنَتَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ

220. Туро, эй Паёмбар, аз ятимон мепурсанд: чи гуна ҳамзистӣ кунанд бо онҳо дар зиндагиашон? Бигў: Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст. Ва агар бо онҳо ҳамзистӣдар хўрданиҳо ва муомилаҳо мекунед, пас онҳо бародарони шумоанд. Аллоҳ фасодкорро аз ислоҳгар бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки Аллоҳ азизу ҳаким аст! info
التفاسير:

external-link copy
221 : 2

وَلَا تَنكِحُواْ ٱلۡمُشۡرِكَٰتِ حَتَّىٰ يُؤۡمِنَّۚ وَلَأَمَةٞ مُّؤۡمِنَةٌ خَيۡرٞ مِّن مُّشۡرِكَةٖ وَلَوۡ أَعۡجَبَتۡكُمۡۗ وَلَا تُنكِحُواْ ٱلۡمُشۡرِكِينَ حَتَّىٰ يُؤۡمِنُواْۚ وَلَعَبۡدٞ مُّؤۡمِنٌ خَيۡرٞ مِّن مُّشۡرِكٖ وَلَوۡ أَعۡجَبَكُمۡۗ أُوْلَٰٓئِكَ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلنَّارِۖ وَٱللَّهُ يَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱلۡجَنَّةِ وَٱلۡمَغۡفِرَةِ بِإِذۡنِهِۦۖ وَيُبَيِّنُ ءَايَٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ

221. Занони мушрикаро то имон наёваранд, ба занӣ магиред, ва бидонед, ки канизи мўъминае, ки ўро на мол асту на шараф, беҳтар аз зани озоди мушрика аст, гарчи шуморо ба тааҷҷуб оварад. Ва ба мардони мушрик зани мўъминаро (хоҳ озод ё ғулом бошад) надиҳед, то ин ки имон ба Аллоҳ ва Расули Ў биёваранд. Ва бидонед ғуломи мўъмин бо камбағалиаш беҳтар аст аз марди озоди мушрик, гарчи шуморо ба тааҷҷуб оварад. Инҳо занон ва мардони мушрик дар гуфтор ва кирдор ва ҳолоти худ мардумро ба ҷаҳаннам даъват мекунанд. Пас ҳамзистӣ ва омезиш бо онҳо хатарнок аст ва он хатари дунявӣ нест, балки бадбахтӣ ва шақовати ҳамешагӣ аст.Ва Аллоҳ бандагонашро барои ба даст овардани биҳишт ва омӯрзиши хеш фаро мехонад. Ва оёти худро ошкор баён мекунад, зарур аст, ки бияндешанд! info
التفاسير:

external-link copy
222 : 2

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى فَٱعۡتَزِلُواْ ٱلنِّسَآءَ فِي ٱلۡمَحِيضِ وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ فَإِذَا تَطَهَّرۡنَ فَأۡتُوهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَكُمُ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلتَّوَّٰبِينَ وَيُحِبُّ ٱلۡمُتَطَهِّرِينَ

222. Ва туро аз ҳайзи занон[143] мепурсанд. Ба онҳо бигў эй Паёмбар: ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дурӣ бигиред ва ба онҳо наздик машавед то хунашон боз истад. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Аллоҳ фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед[144]. Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки ҳамеша аз гуноҳонашон тавба мекунанд, дўст дорад ва касонеро дўст медорад, ки худро аз гуноҳон дур ва пок мегардонанд! info

[143]Ва он хунест, ки аз раҳми занон табиатан дар вақтҳои махсус равон мешавад.
[144]Яъне аз пеш на аз пушт.

التفاسير:

external-link copy
223 : 2

نِسَآؤُكُمۡ حَرۡثٞ لَّكُمۡ فَأۡتُواْ حَرۡثَكُمۡ أَنَّىٰ شِئۡتُمۡۖ وَقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُم مُّلَٰقُوهُۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

223. Занонатон киштзори шумо ҳастанд, пас ҳар тавре ки дўст доред, бо занонатон алоқа кунед, аммо алоқа дар ҷое, ки Аллоҳ ҳалол фармудааст, яъне ҷое, ки фарзанд ба дунё меояд. Ва бо ба ҷо овардани корҳои хуб ба Аллоҳ наздикӣҷўед. [145] Ва дар ҳамаи ҳолат аз Аллоҳ битарсед. Ва бидонед, ки ҳатман шумо Ў таъолоро хоҳед дид. Ва мўъминонро мужда деҳ аз чизҳое, ки онҳоро дар охират хурсанд мекунанд. info

[145]Аз ҷумлаи ин корҳо ин аст, ки мард бо занаш барои наздикӣ ба Аллоҳ ва бисёр кардани насл ва ба вуҷуд омадани фарзандони солеҳ, ки мояи хайр ва баракати ҷомеъа аст, алоқа кунад. Тафсири Саъдӣ 1\100

التفاسير:

external-link copy
224 : 2

وَلَا تَجۡعَلُواْ ٱللَّهَ عُرۡضَةٗ لِّأَيۡمَٰنِكُمۡ أَن تَبَرُّواْ وَتَتَّقُواْ وَتُصۡلِحُواْ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

224. Аллоҳро василаи савгандҳои хеш қарор мадиҳед, то бо ин баҳона аз некўкориву тақво ва ислоҳ дар миёни мардум бозистед, Яъне, набояд қасамҳои онҳо монеъи барои анҷоми корҳои хуб ва парҳез аз корҳои бад ва ислоҳи байни мардум бошад. Пас бо ин баҳона ҳуҷҷат меоваред, ки бо Аллоҳ қасам хўрдаед, ки онро иҷро намекунед. Балки қасамхўранда корҳои хуб анҷом диҳад ва бар қасами хўрдааш кафорат диҳад ва ин амалро одати худ нагардонад, ки Аллоҳ суханони шуморо мешунавад ва ба аҳволи шумо доност.[146] info

[146] Тафсири Саъдӣ 1\100

التفاسير: