Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja

external-link copy
224 : 2

وَلَا تَجۡعَلُواْ ٱللَّهَ عُرۡضَةٗ لِّأَيۡمَٰنِكُمۡ أَن تَبَرُّواْ وَتَتَّقُواْ وَتُصۡلِحُواْ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

224. Аллоҳро василаи савгандҳои хеш қарор мадиҳед, то бо ин баҳона аз некўкориву тақво ва ислоҳ дар миёни мардум бозистед, Яъне, набояд қасамҳои онҳо монеъи барои анҷоми корҳои хуб ва парҳез аз корҳои бад ва ислоҳи байни мардум бошад. Пас бо ин баҳона ҳуҷҷат меоваред, ки бо Аллоҳ қасам хўрдаед, ки онро иҷро намекунед. Балки қасамхўранда корҳои хуб анҷом диҳад ва бар қасами хўрдааш кафорат диҳад ва ин амалро одати худ нагардонад, ки Аллоҳ суханони шуморо мешунавад ва ба аҳволи шумо доност.[146] info

[146] Тафсири Саъдӣ 1\100

التفاسير: