Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Centrum van Pionier Vertalers.

Pagina nummer:close

external-link copy
38 : 3

هُنَالِكَ دَعَا زَكَرِيَّا رَبَّهُۥۖ قَالَ رَبِّ هَبۡ لِي مِن لَّدُنكَ ذُرِّيَّةٗ طَيِّبَةًۖ إِنَّكَ سَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ

Он ҷо [буд, ки] Закариё Парвардигорашро хонд [ва] гуфт: "Парвардигоро, аз ҷониби хеш фарзанди поку писандида ба ман ато кун, [ки] бе тардид, Ту шунавандаи дуоӣ" info
التفاسير:

external-link copy
39 : 3

فَنَادَتۡهُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَهُوَ قَآئِمٞ يُصَلِّي فِي ٱلۡمِحۡرَابِ أَنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكَ بِيَحۡيَىٰ مُصَدِّقَۢا بِكَلِمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَسَيِّدٗا وَحَصُورٗا وَنَبِيّٗا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Пас, дар ҳоле ки ӯ [Закариё] истода дар ибодатгоҳ намоз мехонд, фариштагон нидояш доданд, ки: "Аллоҳ таоло туро ба [вилодати] Яҳё башорат медиҳад, [ки] тасдиқкунандаи калимаи Аллоҳ таоло [Исо] аст ва [дар илму ибодат, бар қавми хеш] сарвар аст ва порсост [ба шаҳавот таваҷҷуҳе надорад] ва паёмбаре аз шоистагон аст" info
التفاسير:

external-link copy
40 : 3

قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَقَدۡ بَلَغَنِيَ ٱلۡكِبَرُ وَٱمۡرَأَتِي عَاقِرٞۖ قَالَ كَذَٰلِكَ ٱللَّهُ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ

[Закариё] Гуфт: "Парвардигоро, чи гуна маро фарзанде хоҳад буд, ҳол он ки пирӣ ба суроғам омадаву ҳамсарам нозост"? [Аллоҳ таоло] Гуфт: "[амри офариниш] Чунин аст, [ки] Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад" info
التفاسير:

external-link copy
41 : 3

قَالَ رَبِّ ٱجۡعَل لِّيٓ ءَايَةٗۖ قَالَ ءَايَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ ٱلنَّاسَ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٍ إِلَّا رَمۡزٗاۗ وَٱذۡكُر رَّبَّكَ كَثِيرٗا وَسَبِّحۡ بِٱلۡعَشِيِّ وَٱلۡإِبۡكَٰرِ

[Закариё] Гуфт: "Парвардигоро, бароям нишонае қарор бидеҳ"; [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Нишонаат ин аст, ки се [шабона] рӯз [бидуни ин ки бемор бошӣ] ҷуз бо ишора қодир ба сухан гуфтан бо мардум нестӣ [пас, сабур бош] ва Парвардигоратро бисёр ёд кун ва шомгоҳону субҳгоҳон [Ӯро] тасбеҳ бигӯ" info
التفاسير:

external-link copy
42 : 3

وَإِذۡ قَالَتِ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَٰمَرۡيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰكِ وَطَهَّرَكِ وَٱصۡطَفَىٰكِ عَلَىٰ نِسَآءِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: "Эй Марям, Аллоҳ таоло туро баргузида ва пок сохта ва туро [дар асри худ] бар занони ҷаҳон бартарӣ додааст" info
التفاسير:

external-link copy
43 : 3

يَٰمَرۡيَمُ ٱقۡنُتِي لِرَبِّكِ وَٱسۡجُدِي وَٱرۡكَعِي مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ

Эй Марям, [ҳамвора] ибодатгари Парвардигори хеш бошу [ва барои Ӯ] саҷда бигзор ва ҳамроҳи рукуъкунандагон рукуъ кун" info
التفاسير:

external-link copy
44 : 3

ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۚ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يُلۡقُونَ أَقۡلَٰمَهُمۡ أَيُّهُمۡ يَكۡفُلُ مَرۡيَمَ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يَخۡتَصِمُونَ

[Эй паёмбар] Ин [хабар] аз хабарҳои ғайбест, ки ба ту ваҳй мекунем ва ту ҳангоме ки [уламои мазҳаби яҳуд] қаламҳои худро [барои қуръакашӣ ба об] меафканданд, то [таъйин кунанд, ки] кадом як сарпарастии Марямро ба уҳда гирад, наздашон набудӣ; ва [низ] вақте ки [ба сари ин мавзӯъ] бо якдигар кашмакаш мекарданд, канорашон ҳузур надоштӣ info
التفاسير:

external-link copy
45 : 3

إِذۡ قَالَتِ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَٰمَرۡيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكِ بِكَلِمَةٖ مِّنۡهُ ٱسۡمُهُ ٱلۡمَسِيحُ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ وَجِيهٗا فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ

Ва [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: "Эй Марям, Аллоҳ таоло туро ба калимае аз ҷониби хеш башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ – Исо ибни Марям – аст; дар ҳоле ки [ӯ] дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикони [даргоҳи илоҳӣ] аст" info
التفاسير: