Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Centrum van Pionier Vertalers.

Pagina nummer:close

external-link copy
92 : 3

لَن تَنَالُواْ ٱلۡبِرَّ حَتَّىٰ تُنفِقُواْ مِمَّا تُحِبُّونَۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِن شَيۡءٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٞ

[Эй муъминон] Ҳаргиз ба [манзалату савоби] накукорӣ даст намеёбед, магар он ки аз он чи дӯст медоред, инфоқ кунед; ва бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи инфоқ мекунед, доност info
التفاسير:

external-link copy
93 : 3

۞ كُلُّ ٱلطَّعَامِ كَانَ حِلّٗا لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ إِلَّا مَا حَرَّمَ إِسۡرَٰٓءِيلُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ مِن قَبۡلِ أَن تُنَزَّلَ ٱلتَّوۡرَىٰةُۚ قُلۡ فَأۡتُواْ بِٱلتَّوۡرَىٰةِ فَٱتۡلُوهَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Ҳама ғизоҳо барои Бани Исроил ҳалол буд, магар он чи Исроил (Яъқуб) пеш аз нузули Таврот бар худ ҳаром карда буд. [Эй паёмбар, ба яҳудиён] Бигӯ: "Агар рост мегӯед [ва суханамро бовар надоред], Тавротро биёваред ва онро бихонед" info
التفاسير:

external-link copy
94 : 3

فَمَنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Пас, ҳар ки пас аз он бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандад, ононанд, ки ситамгоранд info
التفاسير:

external-link copy
95 : 3

قُلۡ صَدَقَ ٱللَّهُۗ فَٱتَّبِعُواْ مِلَّةَ إِبۡرَٰهِيمَ حَنِيفٗاۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

[Эй паймбар] Бигӯ: "Аллоҳ таоло [дар мавриди Яъқуб ва ҳар чи нозил фармудааст] рост гуфт; пас, аз оини Иброҳим пайравӣ кунед, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд" info
التفاسير:

external-link copy
96 : 3

إِنَّ أَوَّلَ بَيۡتٖ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكٗا وَهُدٗى لِّلۡعَٰلَمِينَ

Дар ҳақиқат, нахустин хонае, ки барои [ибодати] мардум қарор дода шуд, ҳамонест, ки дар Макка қарор дорад, ки пурбаракат ва [мояи] ҳидояти ҷаҳониён аст info
التفاسير:

external-link copy
97 : 3

فِيهِ ءَايَٰتُۢ بَيِّنَٰتٞ مَّقَامُ إِبۡرَٰهِيمَۖ وَمَن دَخَلَهُۥ كَانَ ءَامِنٗاۗ وَلِلَّهِ عَلَى ٱلنَّاسِ حِجُّ ٱلۡبَيۡتِ مَنِ ٱسۡتَطَاعَ إِلَيۡهِ سَبِيلٗاۚ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Дар он [хона], нишонаҳои равшан, [аз ҷумла] мақоми Иброҳим аст ва [дигар ин ки] ҳар ки дохили он [ҳарам] шавад, дар амон хоҳад буд; ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ таоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ таоло аз ҷаҳониён бениёз аст info
التفاسير:

external-link copy
98 : 3

قُلۡ يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ شَهِيدٌ عَلَىٰ مَا تَعۡمَلُونَ

[Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, чаро ба Аллоҳ таоло куфр меварзед? Ҳол он ки Аллоҳ таоло бар он чи мекунед, гувоҳ аст" info
التفاسير:

external-link copy
99 : 3

قُلۡ يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ تَبۡغُونَهَا عِوَجٗا وَأَنتُمۡ شُهَدَآءُۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ

Бигӯ: "Эй аҳли китоб, чаро касеро, ки имон овардааст, аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоред ва онро мунҳариф [раҳгумзадаву гумроҳшуда] мехоҳед? Дар ҳоле ки шумо [худ ба дурустии он] гувоҳед; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест" info
التفاسير:

external-link copy
100 : 3

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تُطِيعُواْ فَرِيقٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ يَرُدُّوكُم بَعۡدَ إِيمَٰنِكُمۡ كَٰفِرِينَ

Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз гурӯҳе аз аҳли китоб итоат кунед, шуморо пас аз имонатон ба куфр бозмегардонанд info
التفاسير: