ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
89 : 27

مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيۡرٞ مِّنۡهَا وَهُم مِّن فَزَعٖ يَوۡمَئِذٍ ءَامِنُونَ

89. Ҳар кас, ки кори неке кунад (чун имон ба Аллоҳ ва ихлос дар тоъат), беҳтар аз онро мукофот гирад,ки ризо ва хушнудии парвардигор аст ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз, ки қиёмат фаро мерасад ва тарсу хавф мардумро фаро мегирад дар амон бошанд ва ғаму андӯҳ ва нигарониҳо аз онҳо дур бошад.[1864] info

[1864] Тафсири Бағавӣ 6\183

التفاسير:

external-link copy
90 : 27

وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَكُبَّتۡ وُجُوهُهُمۡ فِي ٱلنَّارِ هَلۡ تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

90. Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд (чун ширк ва маъсият), сарнагун дар оташ андозанд ва ба онҳо сарзаниш карда гуфта шавад: Оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки дар дунё кардаед,ҷазо дода мешавед? info
التفاسير:

external-link copy
91 : 27

إِنَّمَآ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ رَبَّ هَٰذِهِ ٱلۡبَلۡدَةِ ٱلَّذِي حَرَّمَهَا وَلَهُۥ كُلُّ شَيۡءٖۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ

91. Эй Паёмбар бигӯ: Ҳароина, ба ман фармон шудааст, ки танҳо Парвардигори ин шаҳри Маккаро бипарастам. Шаҳреро, ки Аллоҳ, ки ҳама чиз аз они Ӯст, ҳурматаш ниҳода ва онро ҳарами амн ва амон сохтааст ва дар он куштани инсоне ё зулм ба касе ва ё забҳи ҳайвон ё кандани гиёҳу дарахти он, ҳаром ҳукм гардидааст ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам.[1865] info

[1865] Тафсири Бағавӣ 6\184

التفاسير:

external-link copy
92 : 27

وَأَنۡ أَتۡلُوَاْ ٱلۡقُرۡءَانَۖ فَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَقُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ

92. Ва ба манфармуда шуд, ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар кӣ ҳидоят ёфт, ба нафъи худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ: «Ҳароина, ман аз бимдиҳандагон ҳастам». info
التفاسير:

external-link copy
93 : 27

وَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ سَيُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ فَتَعۡرِفُونَهَاۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ

93. Ва бигӯ эй Паёмбар барои мушрикони қавмат: «Сипос Аллоҳрост. Оёти худро дар вуҷуди шумо ва дар осмону замин ба шумо хоҳад намуд, то онҳоро бишносед. Ва Парвардигори ту аз ҳар коре, ки мекунед, бехабар нест».[1866] info

[1866] Тафсири ибни Касир 6\219

التفاسير: