ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
64 : 27

أَمَّن يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَمَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

64. Оё ин маъбудони ботил беҳтаранд ё касе, ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бори дигар бозмегардонад ва касе, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Эй Паёмбар бигӯ: «Агар рост мегӯед: далелатонро биёваред!» info
التفاسير:

external-link copy
65 : 27

قُل لَّا يَعۡلَمُ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلۡغَيۡبَ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ

65. Эй Паёмбар бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!» info
التفاسير:

external-link copy
66 : 27

بَلِ ٱدَّٰرَكَ عِلۡمُهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ مِّنۡهَاۖ بَلۡ هُم مِّنۡهَا عَمُونَ

66. Балки илми мушрикон дар охират такомул меёбад, ва ҳолу аҳволи қиёматро дар охират ба чашми сар мебинанд, аммо камоли илмашон дар охират ҳеҷ суде ба ҳолашон надорад, балки онҳо дар дунё аз вуҷуди охират дар шак қарор доранд, балки онҳо дар мавриди он кӯрдиланд ва чизе аз далелҳои охиратро дарк намекунанд.[1854] info

[1854] Тафсири ибни Касир 6\208

التفاسير:

external-link copy
67 : 27

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا تُرَٰبٗا وَءَابَآؤُنَآ أَئِنَّا لَمُخۡرَجُونَ

67. Кофирон гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мо ва падаронамон хок шудем, оё боз зинда мешавем ва аз гӯрҳо берун оварда мешавем? info
التفاسير:

external-link copy
68 : 27

لَقَدۡ وُعِدۡنَا هَٰذَا نَحۡنُ وَءَابَآؤُنَا مِن قَبۡلُ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ

68. Ба дурустӣ, ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае [1855]дода буданд. Агар ин амр рост буд, меомад[1856]Инҳо, чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест» info

[1855] Ваъда ба вуқуъи қиёмат.
[1856] Тафсири Саъдӣ 1\609

التفاسير:

external-link copy
69 : 27

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ

69. Эй Паёмбар, барои онҳо бигӯ: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори гунаҳгорон чӣ гуна будааст! Ва Аллоҳ низ ба шумо чунин кунад, агар аз куфратон бознагардед[1857] info

[1857] Тафсири Табарӣ 19\491

التفاسير:

external-link copy
70 : 27

وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَلَا تَكُن فِي ضَيۡقٖ مِّمَّا يَمۡكُرُونَ

70. Ва бар имон наовардани онҳо андӯҳгин мабош ва аз ҳилае, ки меандешиданд, дилтанг машав. info
التفاسير:

external-link copy
71 : 27

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

71. Ва эй Паёмбар, мушрикони қавмат ба ту мегӯянд: «Агар рост мегӯед, он ваъдаи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?» info
التفاسير:

external-link copy
72 : 27

قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ رَدِفَ لَكُم بَعۡضُ ٱلَّذِي تَسۡتَعۡجِلُونَ

72. Эй Паёмбар, бигӯ: «Шояд баъзе аз он чиро ки[1858] ба шитоб металабед, ба шумо наздик шуда бошад». info

[1858] Яъне, азоби Аллоҳро

التفاسير:

external-link copy
73 : 27

وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ

73. Ва бегумон Парвардигори ту фазли худро бар мардум арзонӣ медорад ва бар маъсият карданашон онҳоро зуд ба азоб гирифтор намекунад, вале аксари онҳо шукр намегузоранд![1859] info

[1859] Тафсири Бағавӣ 6\175

التفاسير:

external-link copy
74 : 27

وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَعۡلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمۡ وَمَا يُعۡلِنُونَ

74. Ва ҳароина, Парвардигори ту медонад, ки чӣ чизро дар дил ниҳон кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд! info
التفاسير:

external-link copy
75 : 27

وَمَا مِنۡ غَآئِبَةٖ فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٍ

75. Ва ҳеҷ пинҳоне дар осмону замин нест, магар он, ки дар Китоби равшан, Лавҳи Маҳфуз навишташудааст.[1860] info

[1860]Тафсири Бағавӣ 6\175

التفاسير:

external-link copy
76 : 27

إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَقُصُّ عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَكۡثَرَ ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ

76. Ҳароина, ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки бани Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад info
التفاسير: