ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
14 : 27

وَجَحَدُواْ بِهَا وَٱسۡتَيۡقَنَتۡهَآ أَنفُسُهُمۡ ظُلۡمٗا وَعُلُوّٗاۚ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

14. Ва он мӯъҷизоти Илоҳиро аз рӯи ситамгарию саркашӣ инкор карданд ва ҳол он ки дилҳояшон ба он яқин дошт, ки инҳо мӯъҷизоти Илоҳӣ ҳастанд. Пас бингар, эй Расул, ки охири кори фасодкорон чӣ гуна буд? (Яъне, Аллоҳ онҳоро нобуд кард ва дар дарё ғарқашон кард)[1835]. info

[1835] Тафсири Табарӣ 19\437

التفاسير:

external-link copy
15 : 27

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ وَسُلَيۡمَٰنَ عِلۡمٗاۖ وَقَالَا ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي فَضَّلَنَا عَلَىٰ كَثِيرٖ مِّنۡ عِبَادِهِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

15. Мо ба Довуду Сулаймон дониши бузурге додем. Он дугуфтанд: «Сипос аз они Аллоҳ аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»[1836] info

[1836] Дар ин оят далеле аст бар бузургии илм ва манзалаи аҳли илм.

التفاسير:

external-link copy
16 : 27

وَوَرِثَ سُلَيۡمَٰنُ دَاوُۥدَۖ وَقَالَ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ عُلِّمۡنَا مَنطِقَ ٱلطَّيۡرِ وَأُوتِينَا مِن كُلِّ شَيۡءٍۖ إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡفَضۡلُ ٱلۡمُبِينُ

16. Ва Сулаймон вориси Довуд шуд (дар паёмбарӣ, илм ва мулк) ва Сулаймон гуфт: «Эй мардум, ба мо забони паррандагон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате арзонӣ доштанд. Бегумон ин фазли ошкорест, ки аз дигарон моро бартарӣ доданд!» info
التفاسير:

external-link copy
17 : 27

وَحُشِرَ لِسُلَيۡمَٰنَ جُنُودُهُۥ مِنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ وَٱلطَّيۡرِ فَهُمۡ يُوزَعُونَ

17. Лашкарҳои Сулаймон аз ҷинну одамӣ ва паррандагон гирд оварда шуданд, он гоҳ нигоҳ дошта шуданд, то ҳама онҳо ба якдигар бипайванданд. info
التفاسير:

external-link copy
18 : 27

حَتَّىٰٓ إِذَآ أَتَوۡاْ عَلَىٰ وَادِ ٱلنَّمۡلِ قَالَتۡ نَمۡلَةٞ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّمۡلُ ٱدۡخُلُواْ مَسَٰكِنَكُمۡ لَا يَحۡطِمَنَّكُمۡ سُلَيۡمَٰنُ وَجُنُودُهُۥ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

18. Пас ҳаракат карданд, то ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт: «Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо поймол накунанд, дар ҳоле ки намефаҳманд». info
التفاسير:

external-link copy
19 : 27

فَتَبَسَّمَ ضَاحِكٗا مِّن قَوۡلِهَا وَقَالَ رَبِّ أَوۡزِعۡنِيٓ أَنۡ أَشۡكُرَ نِعۡمَتَكَ ٱلَّتِيٓ أَنۡعَمۡتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَٰلِدَيَّ وَأَنۡ أَعۡمَلَ صَٰلِحٗا تَرۡضَىٰهُ وَأَدۡخِلۡنِي بِرَحۡمَتِكَ فِي عِبَادِكَ ٱلصَّٰلِحِينَ

19. Сулаймон аз сухани он мӯрчатабассум карду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ, то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва тавфиқ ато фармо то корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат дарор!» info
التفاسير:

external-link copy
20 : 27

وَتَفَقَّدَ ٱلطَّيۡرَ فَقَالَ مَالِيَ لَآ أَرَى ٱلۡهُدۡهُدَ أَمۡ كَانَ مِنَ ٱلۡغَآئِبِينَ

20. Ва Сулаймон миёни паррандагон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам. Ё ӯ аз ғоибон аст? Пас яқин донист, ки ӯ ғоиб аст, гуфт: info
التفاسير:

external-link copy
21 : 27

لَأُعَذِّبَنَّهُۥ عَذَابٗا شَدِيدًا أَوۡ لَأَاْذۡبَحَنَّهُۥٓ أَوۡ لَيَأۡتِيَنِّي بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٖ

21. ҳатман, ҳудҳудро ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, магар он, ки барои ман далели равшане биёварад». info
التفاسير:

external-link copy
22 : 27

فَمَكَثَ غَيۡرَ بَعِيدٖ فَقَالَ أَحَطتُ بِمَا لَمۡ تُحِطۡ بِهِۦ وَجِئۡتُكَ مِن سَبَإِۭ بِنَبَإٖ يَقِينٍ

22. Дере нагузашта буд, ки ҳудҳуд биёмаду гуфт: «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз сарзамини Сабаъ[1837] бароят хабари дуруст овардаам. info

[1837] Яке аз музофотҳои дерини Яман

التفاسير: