ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
23 : 27

إِنِّي وَجَدتُّ ٱمۡرَأَةٗ تَمۡلِكُهُمۡ وَأُوتِيَتۡ مِن كُلِّ شَيۡءٖ وَلَهَا عَرۡشٌ عَظِيمٞ

23. Занеро ёфтам, ки бар онҳо[1838] подшоҳӣ мекунад. Ва аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахти бузурге дорад. info

[1838] Яъне, бар аҳли Сабо

التفاسير:

external-link copy
24 : 27

وَجَدتُّهَا وَقَوۡمَهَا يَسۡجُدُونَ لِلشَّمۡسِ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَصَدَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ فَهُمۡ لَا يَهۡتَدُونَ

24. Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Аллоҳи якто офтобро саҷда мекунанд. Ва Шайтон аъмолашонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Аллоҳ[1839] гумроҳашон кардааст, чунонки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид. info

[1839]Ва он роҳ имон ба ягонагии Аллоҳ ва ибодати Ӯст.

التفاسير:

external-link copy
25 : 27

أَلَّاۤ يَسۡجُدُواْۤ لِلَّهِ ٱلَّذِي يُخۡرِجُ ٱلۡخَبۡءَ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُخۡفُونَ وَمَا تُعۡلِنُونَ

25. Шайтон ин кор ва роҳу равиши ботилеро, ки дар он қарор доштанд барояшон ороста буд, то саҷда накунанд барои Аллоҳе, ки чизи пӯшидаро дар осмонҳову замин берун меоварад; аз борону наботот ваон чӣ махфӣ аст ошкор мекунад ва ҳарчиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад.[1840] info

[1840] Тафсири Табарӣ 19\448

التفاسير:

external-link copy
26 : 27

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ۩

26. Аллоҳе, ки ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест.Парвардигориарши азим аст». info
التفاسير:

external-link copy
27 : 27

۞ قَالَ سَنَنظُرُ أَصَدَقۡتَ أَمۡ كُنتَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

27. Гуфт (Сулаймон барои ҳудҳуд): «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори дурӯғгӯёнӣ. info
التفاسير:

external-link copy
28 : 27

ٱذۡهَب بِّكِتَٰبِي هَٰذَا فَأَلۡقِهۡ إِلَيۡهِمۡ ثُمَّ تَوَلَّ عَنۡهُمۡ فَٱنظُرۡ مَاذَا يَرۡجِعُونَ

28. Ин номаи маро бибар ва бар аҳли Сабаъ биафкан, сипас як сӯ шав ва бингар, ки чӣҷавоб медиҳанд», info
التفاسير:

external-link copy
29 : 27

قَالَتۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ إِنِّيٓ أُلۡقِيَ إِلَيَّ كِتَٰبٞ كَرِيمٌ

29. Маликаи Сабаъ гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман афканда шуд. info
التفاسير:

external-link copy
30 : 27

إِنَّهُۥ مِن سُلَيۡمَٰنَ وَإِنَّهُۥ بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

30. Ҳамоно нома аз Сулаймон аст ва сароғози он чунин аст: «Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон». info
التفاسير:

external-link copy
31 : 27

أَلَّا تَعۡلُواْ عَلَيَّ وَأۡتُونِي مُسۡلِمِينَ

31. «Бар ман такаббур накунеддар он чизҳое, ки шуморо ба он даъват менамоям ва таслим шуда назди ман биёед». info
التفاسير:

external-link copy
32 : 27

قَالَتۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ أَفۡتُونِي فِيٓ أَمۡرِي مَا كُنتُ قَاطِعَةً أَمۡرًا حَتَّىٰ تَشۡهَدُونِ

32. Малика гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки ман ҳеҷ гоҳ бераъй ва машварати шумо коре накардаам». info
التفاسير:

external-link copy
33 : 27

قَالُواْ نَحۡنُ أُوْلُواْ قُوَّةٖ وَأُوْلُواْ بَأۡسٖ شَدِيدٖ وَٱلۡأَمۡرُ إِلَيۡكِ فَٱنظُرِي مَاذَا تَأۡمُرِينَ

33. Гуфтанд: Мо қудратмандон ва соҳибони набарди сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ вамо ҳамеша фармонбардори ту ҳастем.[1841] info

[1841] Тафсири Бағавӣ 6\159

التفاسير:

external-link copy
34 : 27

قَالَتۡ إِنَّ ٱلۡمُلُوكَ إِذَا دَخَلُواْ قَرۡيَةً أَفۡسَدُوهَا وَجَعَلُوٓاْ أَعِزَّةَ أَهۡلِهَآ أَذِلَّةٗۚ وَكَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ

34. Малика гуфт: «Подшоҳон чун ба шаҳре дароянд, бо куштан ва асир гирифтани мардум вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Ва ҳамчунин мекунанд. info
التفاسير:

external-link copy
35 : 27

وَإِنِّي مُرۡسِلَةٌ إِلَيۡهِم بِهَدِيَّةٖ فَنَاظِرَةُۢ بِمَ يَرۡجِعُ ٱلۡمُرۡسَلُونَ

35. Малика гуфт:Ман, ҳатман, ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки фиристодагон чӣҷавоб меоваранд». info
التفاسير: