ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
184 : 26

وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلۡجِبِلَّةَ ٱلۡأَوَّلِينَ

Ва аз касе, ки шумо ва умматҳои пешинро офарид, парво кунед [битарсед] info
التفاسير:

external-link copy
185 : 26

قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ

Онон гуфтанд: «[Эй Шуайб] Ҷуз ин нест, ки ту ҷодушудаӣ info
التفاسير:

external-link copy
186 : 26

وَمَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

Ту ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестӣ ва мо туро дурӯғгӯ мепиндорем info
التفاسير:

external-link copy
187 : 26

فَأَسۡقِطۡ عَلَيۡنَا كِسَفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

Пас, агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар [сари] мо биандоз» info
التفاسير:

external-link copy
188 : 26

قَالَ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ

[Шуайб] Гуфт: «Парвардигорам ба он чи мекунед, донотар аст» info
التفاسير:

external-link copy
189 : 26

فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمِ ٱلظُّلَّةِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ

Пас, ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва азоби рӯзи абр [-и оташбор] ононро фаро гирифт. Ба ростӣ, ки он [борони оташ] азоби рӯзи ҳавлноке буд info
التفاسير:

external-link copy
190 : 26

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст; ва бештарашон муъмин набуданд info
التفاسير:

external-link copy
191 : 26

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст info
التفاسير:

external-link copy
192 : 26

وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва ба ростӣ, [ин] Қуръон фуруфиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст info
التفاسير:

external-link copy
193 : 26

نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ

Рӯҳу-л-амин [Ҷабраил] онро фуруд овардааст info
التفاسير:

external-link copy
194 : 26

عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ

Бар қалби ту [нозил кардааст], то бимдиҳанда бошӣ info
التفاسير:

external-link copy
195 : 26

بِلِسَانٍ عَرَبِيّٖ مُّبِينٖ

[Қуръонро] Ба забони арабии равшан [нозил намуд] info
التفاسير:

external-link copy
196 : 26

وَإِنَّهُۥ لَفِي زُبُرِ ٱلۡأَوَّلِينَ

Ва бе тардид, [башорати нузули] он дар китобҳои пешиниён [низ омада] аст info
التفاسير:

external-link copy
197 : 26

أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ

Оё ҳамин нишона барояшон кофӣ нест, ки уламои Бани Исроил аз [ҳақиқати] Қуръон огоҳанд? info
التفاسير:

external-link copy
198 : 26

وَلَوۡ نَزَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ بَعۡضِ ٱلۡأَعۡجَمِينَ

Ва агар онро бар баъзе аз ғайриарабҳо нозил мекардем info
التفاسير:

external-link copy
199 : 26

فَقَرَأَهُۥ عَلَيۡهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ مُؤۡمِنِينَ

Ва [паёмбар] онро барояшон мехонд, ба он имон намеоварданд info
التفاسير:

external-link copy
200 : 26

كَذَٰلِكَ سَلَكۡنَٰهُ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ

[Оре] Ин гуна он [куфру такзиб]-ро дар дилҳои гунаҳгорон ҷой додем info
التفاسير:

external-link copy
201 : 26

لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ

Аммо ба он имон намеоваранд, то он гоҳ ки азоби дарднокро бубинанд info
التفاسير:

external-link copy
202 : 26

فَيَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Пас, ногаҳон дар ҳоле ки бехабаранд, ба суроғашон меояд info
التفاسير:

external-link copy
203 : 26

فَيَقُولُواْ هَلۡ نَحۡنُ مُنظَرُونَ

Пас, [дар он ҳол] мегӯянд: “Оё муҳлате [барои тавба] хоҳем дошт?” info
التفاسير:

external-link copy
204 : 26

أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ

Оё онон азоби моро ба шитоб хосторанд? info
التفاسير:

external-link copy
205 : 26

أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ

Оё донистӣ, ки агар ононро солҳо [аз зиндагии дунё] баҳраманд созем info
التفاسير:

external-link copy
206 : 26

ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ

Сипас он чи ки ба онон ваъда дода шудааст, ба суроғашон биёяд info
التفاسير: