ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
20 : 26

قَالَ فَعَلۡتُهَآ إِذٗا وَأَنَا۠ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ

[Мӯсо] гуфт: «Ман он [кор]-ро замоне анҷом додам, ки гумроҳ будам info
التفاسير:

external-link copy
21 : 26

فَفَرَرۡتُ مِنكُمۡ لَمَّا خِفۡتُكُمۡ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكۡمٗا وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Пас, чун аз шумо тарсидам, фирор кардам. Он гоҳ Парвардигорам ба ман дониш бахшид ва маро аз паёмбарон қарор дод info
التفاسير:

external-link copy
22 : 26

وَتِلۡكَ نِعۡمَةٞ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنۡ عَبَّدتَّ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ

Ва ин [чи] неъматест, ки ту бар ман миннат мегузорӣ, ки Бани Исроилро бардаи худ сохтаӣ?!» info
التفاسير:

external-link copy
23 : 26

قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист?» info
التفاسير:

external-link copy
24 : 26

قَالَ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ

[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. Агар аҳли яқин ҳастед [танҳо ӯро бипарастед]» info
التفاسير:

external-link copy
25 : 26

قَالَ لِمَنۡ حَوۡلَهُۥٓ أَلَا تَسۡتَمِعُونَ

[Фиръавн] Ба касоне, ки дар атрофаш буданд [бо тамасхур] гуфт: «Оё мешунавед [чи мегӯяд]?» info
التفاسير:

external-link copy
26 : 26

قَالَ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ

[Мӯсо] Гуфт: «[Аллоҳ таоло] Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост info
التفاسير:

external-link copy
27 : 26

قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ ٱلَّذِيٓ أُرۡسِلَ إِلَيۡكُمۡ لَمَجۡنُونٞ

[Фиръавн] Гуфт: «Ин паёмбаратон, ки ба сӯйи шумо фиристода шудааст, яқинан девона аст» info
التفاسير:

external-link copy
28 : 26

قَالَ رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ

[Мӯсо] Гуфт: «Агар биандешед, [хоҳед донист, ки Ӯ] Парвардигори машриқ ва мағриб аст ва ҳар он чи миёни он ду қарор дорад» info
التفاسير:

external-link copy
29 : 26

قَالَ لَئِنِ ٱتَّخَذۡتَ إِلَٰهًا غَيۡرِي لَأَجۡعَلَنَّكَ مِنَ ٱلۡمَسۡجُونِينَ

[Фиръавн] Гуфт: «Агар маъбуде ҷуз ман баргузинӣ, ҳатман, зиндонат мекунам» info
التفاسير:

external-link copy
30 : 26

قَالَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكَ بِشَيۡءٖ مُّبِينٖ

[Мӯсо] Гуфт: «Ҳатто агар нишонаи ошкоре [дар мавриди рисолатам] бароят оварда бошам?» info
التفاسير:

external-link copy
31 : 26

قَالَ فَأۡتِ بِهِۦٓ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

[Фиръавн] Гуфт: «Агар рост мегӯӣ, онро биёвар» info
التفاسير:

external-link copy
32 : 26

فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٞ مُّبِينٞ

Пас, [Мӯсо] асои худро андохт, ногаҳон [табдил ба] аждаҳое ошкор шуд info
التفاسير:

external-link copy
33 : 26

وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ

Ва дасташро [аз гиребон] берун овард ва ногоҳ дар назари бинандагон сапед [-у равшан] буд info
التفاسير:

external-link copy
34 : 26

قَالَ لِلۡمَلَإِ حَوۡلَهُۥٓ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٞ

[Фиръавн] ба бузургони перомунаш гуфт: «Ҳаққо, ки ин [мард] ҷодугари доност info
التفاسير:

external-link copy
35 : 26

يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِۦ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ

[Ӯ] Мехоҳад, бо ҷодуяш шуморо аз сарзаминатон берун кунад, пас, назаратон чист?» info
التفاسير:

external-link copy
36 : 26

قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَٱبۡعَثۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ

Онон гуфтанд: «[Тасмим дар бораи муҷозоти] ӯ ва бародарашро ба таъхир андоз ва маъмурони ҷамъоварӣ [ҷорзанандагон]-ро ба [ҳамаи] шаҳрҳо бифирист, info
التفاسير:

external-link copy
37 : 26

يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٖ

то ҳар ҷодугари моҳир [ва] доноеро наздат биёваранд» info
التفاسير:

external-link copy
38 : 26

فَجُمِعَ ٱلسَّحَرَةُ لِمِيقَٰتِ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ

Пас, [чунин карданд ва саранҷом] ҷодугарон барои ваъдагоҳи рӯзи муайян гирд оварда шуданд info
التفاسير:

external-link copy
39 : 26

وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلۡ أَنتُم مُّجۡتَمِعُونَ

Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо [низ] ҷамъ мешавед, то [бубинем баранда кист]? info
التفاسير: