ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
160 : 26

كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Қавми Лут [низ] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд info
التفاسير:

external-link copy
161 : 26

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ

Он гоҳ ки бародарашон Лут ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед? info
التفاسير:

external-link copy
162 : 26

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам info
التفاسير:

external-link copy
163 : 26

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед» info
التفاسير:

external-link copy
164 : 26

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст info
التفاسير:

external-link copy
165 : 26

أَتَأۡتُونَ ٱلذُّكۡرَانَ مِنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Аз мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед info
التفاسير:

external-link copy
166 : 26

وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ عَادُونَ

ва ҳамсаронеро, ки Аллоҳ таоло бароятон офаридааст, раҳо мекунед? Балки шумо гурӯҳи мутаҷовизед info
التفاسير:

external-link copy
167 : 26

قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰلُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُخۡرَجِينَ

Онон гуфтанд: «Эй Лут, агар [аз ин амру наҳй] даст барнадорӣ, ҳатман, [аз шаҳр] ихроҷ мешавӣ» info
التفاسير:

external-link copy
168 : 26

قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ ٱلۡقَالِينَ

[Лут] Гуфт: «Ман душмани [сарсахти] ин коратон ҳастам info
التفاسير:

external-link copy
169 : 26

رَبِّ نَجِّنِي وَأَهۡلِي مِمَّا يَعۡمَلُونَ

Парвардигоро, ман ва хонаводаамро аз [оқибати] он чи [инҳо] анҷом медиҳанд, наҷот деҳ» info
التفاسير:

external-link copy
170 : 26

فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ

Пас, мо ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем info
التفاسير:

external-link copy
171 : 26

إِلَّا عَجُوزٗا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ

Магар пиразане, ки дар миёни бозмондагон [дар азоб] буд info
التفاسير:

external-link copy
172 : 26

ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ

Сипас дигаронро нобуд кардем info
التفاسير:

external-link copy
173 : 26

وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ

Ва бар онон бороне [аз санг] боронидем ва борони бимдодашудагон чи бад буд! info
التفاسير:

external-link copy
174 : 26

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд info
التفاسير:

external-link copy
175 : 26

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст info
التفاسير:

external-link copy
176 : 26

كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Асҳоби Айка [низ] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд info
التفاسير:

external-link copy
177 : 26

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ شُعَيۡبٌ أَلَا تَتَّقُونَ

Он гоҳ ки Шуайб ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед? info
التفاسير:

external-link copy
178 : 26

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам info
التفاسير:

external-link copy
179 : 26

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва мутеи [дастурҳои] ман бошед» info
التفاسير:

external-link copy
180 : 26

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст info
التفاسير:

external-link copy
181 : 26

۞ أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ

Паймонаро тамом бидиҳед ва камфурӯшӣ накунед info
التفاسير:

external-link copy
182 : 26

وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ

Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед info
التفاسير:

external-link copy
183 : 26

وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ

Ва колои мардумро кам надиҳед [ва ҳаққашонро зоеъ накунед] ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед info
التفاسير: