ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
40 : 26

لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ ٱلسَّحَرَةَ إِن كَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ

Агар ҷодугарон пирӯз шуданд, [ҳамагӣ] аз онон пайравӣ кунем» info
التفاسير:

external-link copy
41 : 26

فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالُواْ لِفِرۡعَوۡنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ

Пас, вақте ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Агар мо пирӯз шавем, оё подоше хоҳем дошт»? info
التفاسير:

external-link copy
42 : 26

قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ إِذٗا لَّمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ

Ӯ гуфт: «Оре, дар он сурат, ҳатман, аз наздиконам хоҳед буд» info
التفاسير:

external-link copy
43 : 26

قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلۡقُواْ مَآ أَنتُم مُّلۡقُونَ

Мӯсо ба онон гуфт: «Ҳар чи [мехоҳед] биафканед, [акнун] биафканед» info
التفاسير:

external-link copy
44 : 26

فَأَلۡقَوۡاْ حِبَالَهُمۡ وَعِصِيَّهُمۡ وَقَالُواْ بِعِزَّةِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبُونَ

Пас, онон ресмонҳо ва асоҳояшонро афканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн савганд, ки мо, ҳатман, пирӯзем» info
التفاسير:

external-link copy
45 : 26

فَأَلۡقَىٰ مُوسَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ

Сипас Мӯсо асояшро афканд, ногаҳон [табдил ба аждаҳое шуд ва] он чиро, ки ба дурӯғ сохта буданд, балъид [фуру бурд] info
التفاسير:

external-link copy
46 : 26

فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ

Пас, ҷодугарон ба саҷда дарафтоданд info
التفاسير:

external-link copy
47 : 26

قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

[Ва] Гуфтанд: «Мо ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем info
التفاسير:

external-link copy
48 : 26

رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ

Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун» info
التفاسير:

external-link copy
49 : 26

قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَ فَلَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَۚ لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٖ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ

[Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам, ба ӯ имон овардед? Бе тардид, ӯ ҳамон бузурги шумост, ки ба шумо ҷоду омӯхтааст. Пас, ба зудӣ хоҳед донист [ки муҷозотатон чист]. Яқинан, дастҳо ва пойҳоятонро баръакс [-и якдигар аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро ба дор меовезам» info
التفاسير:

external-link copy
50 : 26

قَالُواْ لَا ضَيۡرَۖ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ

Онон гуфтанд: «[Дар ин шиканҷа ва азоб] Ҳеҷ зиёне нест. Бе тардид, мо ба сӯйи Парвардигорамон бозмегардем info
التفاسير:

external-link copy
51 : 26

إِنَّا نَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَٰيَٰنَآ أَن كُنَّآ أَوَّلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Умед дорем, ки Парвардигорамон гуноҳони моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки [аз ин қавм ба Парвардигори Мӯсо] имон овардем» info
التفاسير:

external-link copy
52 : 26

۞ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِيٓ إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ

Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар; [зеро сипоҳи Фиръавн] ҳатман, ба дунболатон хоҳад омад» info
التفاسير:

external-link copy
53 : 26

فَأَرۡسَلَ فِرۡعَوۡنُ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ

Пас Фиръавн [чун аз моҷаро огоҳ гардид] маъмурони ҷамъоварӣ [неру]-ро ба шаҳрҳо фиристод info
التفاسير:

external-link copy
54 : 26

إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَشِرۡذِمَةٞ قَلِيلُونَ

[Ва эълон кард] Инҳо [Бани Исроил] иддаи ночизанд info
التفاسير:

external-link copy
55 : 26

وَإِنَّهُمۡ لَنَا لَغَآئِظُونَ

Ва ҷиддан моро ба хашм овардаанд info
التفاسير:

external-link copy
56 : 26

وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَٰذِرُونَ

Ва мо ҳамагӣ комилан [ҳушёру] омодаи пайкорем» info
التفاسير:

external-link copy
57 : 26

فَأَخۡرَجۡنَٰهُم مِّن جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ

Пас, ононро аз боғҳо ва чашмаҳо [-и сарзамини Миср] берун овардем info
التفاسير:

external-link copy
58 : 26

وَكُنُوزٖ وَمَقَامٖ كَرِيمٖ

Ва аз ганҷҳо ва хонаҳои муҷаллал [дур сохтем] info
التفاسير:

external-link copy
59 : 26

كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ

Инчунин [кардем] ва Бани Исроилро вориси он [сарвату дороӣ] кардем info
التفاسير:

external-link copy
60 : 26

فَأَتۡبَعُوهُم مُّشۡرِقِينَ

Пас, [сипоҳи Фиръавн] ҳангоми тулуи офтоб ба таъқиби онон пардохтанд info
التفاسير: