ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
114 : 20

فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡحَقُّۗ وَلَا تَعۡجَلۡ بِٱلۡقُرۡءَانِ مِن قَبۡلِ أَن يُقۡضَىٰٓ إِلَيۡكَ وَحۡيُهُۥۖ وَقُل رَّبِّ زِدۡنِي عِلۡمٗا

Пас, баландмартаба аст Аллоҳ таоло, ки фармонравои ҳақ аст. Ва дар [хондани] Қуръон – пеш аз он ки ваҳйи он бар ту поён ёбад – шитоб макун; ва бигӯ: «Парвардигоро, бар донишам бияфзо» info
التفاسير:

external-link copy
115 : 20

وَلَقَدۡ عَهِدۡنَآ إِلَىٰٓ ءَادَمَ مِن قَبۡلُ فَنَسِيَ وَلَمۡ نَجِدۡ لَهُۥ عَزۡمٗا

Ба ростӣ, пеш аз ин бо Одам паймон бастем [ки аз меваи дарахти мамнуа нахӯрад]; вале [паймонашро] фаромӯш кард ва дар ӯ азме [устувор] наёфтем info
التفاسير:

external-link copy
116 : 20

وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ أَبَىٰ

Ва [ёд кун аз ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар Иблис, ки сарпечӣ намуд info
التفاسير:

external-link copy
117 : 20

فَقُلۡنَا يَٰٓـَٔادَمُ إِنَّ هَٰذَا عَدُوّٞ لَّكَ وَلِزَوۡجِكَ فَلَا يُخۡرِجَنَّكُمَا مِنَ ٱلۡجَنَّةِ فَتَشۡقَىٰٓ

Пас, гуфтем: «Эй Одам, ин [Иблис] душмани ту ва ҳамсари туст; мабодо шуморо аз биҳишт берун кунад, ки ба сахтӣ меафтӣ info
التفاسير:

external-link copy
118 : 20

إِنَّ لَكَ أَلَّا تَجُوعَ فِيهَا وَلَا تَعۡرَىٰ

Дар ҳақиқат, ту ин [неъмат]-ро [дар биҳишт] дорӣ, ки на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ info
التفاسير:

external-link copy
119 : 20

وَأَنَّكَ لَا تَظۡمَؤُاْ فِيهَا وَلَا تَضۡحَىٰ

Ва ин ки дар он ҷо на ташна мешавӣ ва на офтобзада info
التفاسير:

external-link copy
120 : 20

فَوَسۡوَسَ إِلَيۡهِ ٱلشَّيۡطَٰنُ قَالَ يَٰٓـَٔادَمُ هَلۡ أَدُلُّكَ عَلَىٰ شَجَرَةِ ٱلۡخُلۡدِ وَمُلۡكٖ لَّا يَبۡلَىٰ

Пас, шайтон ӯро васваса кард [ва] гуфт: «Эй Одам, оё [мехоҳӣ] дарахти ҷовидонагӣ ва фармонравоии фанонопазирро нишонат диҳам?» info
التفاسير:

external-link copy
121 : 20

فَأَكَلَا مِنۡهَا فَبَدَتۡ لَهُمَا سَوۡءَٰتُهُمَا وَطَفِقَا يَخۡصِفَانِ عَلَيۡهِمَا مِن وَرَقِ ٱلۡجَنَّةِۚ وَعَصَىٰٓ ءَادَمُ رَبَّهُۥ فَغَوَىٰ

Он гоҳ аз он [дарахти мамнуа] хӯрданд ва шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар худ [то авраташонро бипӯшонанд]; ва [инчунин буд, ки] Одам аз Парвардигораш сарпечӣ кард ва ба бероҳӣ рафт info
التفاسير:

external-link copy
122 : 20

ثُمَّ ٱجۡتَبَٰهُ رَبُّهُۥ فَتَابَ عَلَيۡهِ وَهَدَىٰ

Сипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ҳидояташ кард info
التفاسير:

external-link copy
123 : 20

قَالَ ٱهۡبِطَا مِنۡهَا جَمِيعَۢاۖ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ فَإِمَّا يَأۡتِيَنَّكُم مِّنِّي هُدٗى فَمَنِ ٱتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشۡقَىٰ

Фармуд: «[Шумо ду тан хамроҳи Иблис] Ҳамагӣ аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигаред. Агар аз [ҷониби] ман раҳнамуде бароятон расид, [бидонед] ҳар ки аз ҳидоятам пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на [аз азоби дузах] ба ранҷ меафтад info
التفاسير:

external-link copy
124 : 20

وَمَنۡ أَعۡرَضَ عَن ذِكۡرِي فَإِنَّ لَهُۥ مَعِيشَةٗ ضَنكٗا وَنَحۡشُرُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَعۡمَىٰ

Ва касе, ки аз ёди Ман рӯйгардон шавад, яқинан зиндагии сахте хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино бармеангезем info
التفاسير:

external-link copy
125 : 20

قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرۡتَنِيٓ أَعۡمَىٰ وَقَدۡ كُنتُ بَصِيرٗا

Вай мегӯяд: «Парвардигоро, чаро маро нобино барангехтӣ; ҳол он ки [дар дунё] бино будам?» info
التفاسير: