ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
52 : 20

قَالَ عِلۡمُهَا عِندَ رَبِّي فِي كِتَٰبٖۖ لَّا يَضِلُّ رَبِّي وَلَا يَنسَى

[Мӯсо] Гуфт: «Дониши он дар китобе [Лавҳи Маҳфуз] назди Парвардигори ман [сабт] аст. Парвардигорам на иштибоҳ мекунад ва на фаромӯш менамояд info
التفاسير:

external-link copy
53 : 20

ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ مَهۡدٗا وَسَلَكَ لَكُمۡ فِيهَا سُبُلٗا وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّن نَّبَاتٖ شَتَّىٰ

Он [маъбуде], ки заминро бароятон [ҳамчун] гаҳворае [маҳалли осоиш] қарор дод ва дар он роҳҳое эҷод кард ва аз осмон обе фуру фиристод ва ба василаи он анвои гуногуни гиёҳонро [аз замин] берун овардем info
التفاسير:

external-link copy
54 : 20

كُلُواْ وَٱرۡعَوۡاْ أَنۡعَٰمَكُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّأُوْلِي ٱلنُّهَىٰ

[Ҳам худ аз он] Бихӯред ва [ҳам] чаҳорпоёнатонро бичаронед. Бе тардид, дар ин [умур] барои хирадмандон нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст info
التفاسير:

external-link copy
55 : 20

۞ مِنۡهَا خَلَقۡنَٰكُمۡ وَفِيهَا نُعِيدُكُمۡ وَمِنۡهَا نُخۡرِجُكُمۡ تَارَةً أُخۡرَىٰ

Шуморо аз он [хок] офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар [дар қиёмат] аз он берун меоварем info
التفاسير:

external-link copy
56 : 20

وَلَقَدۡ أَرَيۡنَٰهُ ءَايَٰتِنَا كُلَّهَا فَكَذَّبَ وَأَبَىٰ

Ва ба ростӣ, [Мо] ҳамаи нишонаҳои [қудрати] худро ба ӯ нишон додем; вале [ҳамаро] дурӯғ пиндошт ва [даъвати ҳақро] напазируфт info
التفاسير:

external-link copy
57 : 20

قَالَ أَجِئۡتَنَا لِتُخۡرِجَنَا مِنۡ أَرۡضِنَا بِسِحۡرِكَ يَٰمُوسَىٰ

[Он гоҳ] Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадӣ, ки бо ҷодуят моро аз сарзаминамон берун кунӣ? info
التفاسير:

external-link copy
58 : 20

فَلَنَأۡتِيَنَّكَ بِسِحۡرٖ مِّثۡلِهِۦ فَٱجۡعَلۡ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكَ مَوۡعِدٗا لَّا نُخۡلِفُهُۥ نَحۡنُ وَلَآ أَنتَ مَكَانٗا سُوٗى

Пас, яқинан, мо низ ҷодуе монанди он бароят меоварем; пас, дар маконе, ки [фосилааш аз ҳар ду тараф] яксон бошад, ваъдагоҳе миёни Мо ва худ таъйин кун, ки на Мо аз он хилоф кунем ва на ту info
التفاسير:

external-link copy
59 : 20

قَالَ مَوۡعِدُكُمۡ يَوۡمُ ٱلزِّينَةِ وَأَن يُحۡشَرَ ٱلنَّاسُ ضُحٗى

[Мӯсо] гуфт: «Ваъдагоҳи шумо рӯзи ид бошад, ки [ҳамаи] мардум пеш аз зуҳр ҷамъ мешаванд» info
التفاسير:

external-link copy
60 : 20

فَتَوَلَّىٰ فِرۡعَوۡنُ فَجَمَعَ كَيۡدَهُۥ ثُمَّ أَتَىٰ

Он гоҳ Фиръавн бозгашт ва [тамоми] найрангу ҳилаи хешро ҷамъ кард ва [ҳамроҳи ҷодугаронаш ба маҳалли мавриди назар] омад info
التفاسير:

external-link copy
61 : 20

قَالَ لَهُم مُّوسَىٰ وَيۡلَكُمۡ لَا تَفۡتَرُواْ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا فَيُسۡحِتَكُم بِعَذَابٖۖ وَقَدۡ خَابَ مَنِ ٱفۡتَرَىٰ

Мӯсо ба онон гуфт: «Вой бар шумо! Бар Аллоҳ таоло дурӯғ набандед, ки бо азобе [сахт] нобудатон месозад; ва яқинан, ҳар ки [бо фиреб додани мардум бар Аллоҳ таоло] дурӯғ баст, зиёнкор гашт» info
التفاسير:

external-link copy
62 : 20

فَتَنَٰزَعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡ وَأَسَرُّواْ ٱلنَّجۡوَىٰ

Пас, [ҷодугарон пас аз ҳушдори Мӯсо] дар корашон миёни худ ихтилоф карданд ва пинҳонӣ гуфтугӯ карданд info
التفاسير:

external-link copy
63 : 20

قَالُوٓاْ إِنۡ هَٰذَٰنِ لَسَٰحِرَٰنِ يُرِيدَانِ أَن يُخۡرِجَاكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِمَا وَيَذۡهَبَا بِطَرِيقَتِكُمُ ٱلۡمُثۡلَىٰ

[Бархе аз онон] Гуфтанд: «Ин ду [нафар] ҳатман, ҷодугаранд [ва] бо ҷодуи хеш мехоҳанд шуморо аз сарзаминатон берун кунанд ва оин [ва роҳу расм]-и бартари шуморо аз миён бардоранд info
التفاسير:

external-link copy
64 : 20

فَأَجۡمِعُواْ كَيۡدَكُمۡ ثُمَّ ٱئۡتُواْ صَفّٗاۚ وَقَدۡ أَفۡلَحَ ٱلۡيَوۡمَ مَنِ ٱسۡتَعۡلَىٰ

Пас, [ҳамаи] найранги хешро фароҳам кунед [ва ба кор бандед]; сипас дар як саф [барои мубориза] ба пеш оед. Бе тардид, ҳар ки имрӯз [бар душман] чира шавад, пирӯз [ва комёб] гаштааст info
التفاسير: