ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
13 : 20

وَأَنَا ٱخۡتَرۡتُكَ فَٱسۡتَمِعۡ لِمَا يُوحَىٰٓ

Ва ман туро [ба паёмбарӣ] баргузидам; пас, ба он чи ваҳй мешавад, гӯш фаро дор info
التفاسير:

external-link copy
14 : 20

إِنَّنِيٓ أَنَا ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدۡنِي وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِذِكۡرِيٓ

Бе тардид, манам «Аллоҳ таоло», ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳаққе] ҷуз ман нест; пас, маро бипараст ва барои ёди ман намоз бар по дор info
التفاسير:

external-link copy
15 : 20

إِنَّ ٱلسَّاعَةَ ءَاتِيَةٌ أَكَادُ أُخۡفِيهَا لِتُجۡزَىٰ كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا تَسۡعَىٰ

Яқинан, қиёмат омаданӣ аст; [вале] мехоҳам [вақти] онро пинҳон дорам, то ба ҳар касе дар баробари [кор ва] талоше, ки мекунад, подош дода шавад info
التفاسير:

external-link copy
16 : 20

فَلَا يَصُدَّنَّكَ عَنۡهَا مَن لَّا يُؤۡمِنُ بِهَا وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ فَتَرۡدَىٰ

Пас, мабодо касе, ки ба он имон надорад ва аз ҳавасҳояш пайравӣ мекунад, туро аз [накукорӣ ва омодагӣ барои] он боздорад, ки ҳалок мешавӣ info
التفاسير:

external-link copy
17 : 20

وَمَا تِلۡكَ بِيَمِينِكَ يَٰمُوسَىٰ

Ва, эй Мӯсо, он чист ба [дасти] ростат?» info
التفاسير:

external-link copy
18 : 20

قَالَ هِيَ عَصَايَ أَتَوَكَّؤُاْ عَلَيۡهَا وَأَهُشُّ بِهَا عَلَىٰ غَنَمِي وَلِيَ فِيهَا مَـَٔارِبُ أُخۡرَىٰ

Ӯ гуфт: «Ин асои ман аст; бар он такя мекунам ва бо он барои гӯсфандонам [барги дарахтонро] фуру мерезам ва бо он корҳои дигаре [низ] дорам [ки бароварда мекунам] info
التفاسير:

external-link copy
19 : 20

قَالَ أَلۡقِهَا يَٰمُوسَىٰ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, онро бияфкан» info
التفاسير:

external-link copy
20 : 20

فَأَلۡقَىٰهَا فَإِذَا هِيَ حَيَّةٞ تَسۡعَىٰ

Пас, [Мӯсо] онро [бар замин] афканд ва ногаҳон [табдил ба] море шуд, ки ба суръат мехазид info
التفاسير:

external-link copy
21 : 20

قَالَ خُذۡهَا وَلَا تَخَفۡۖ سَنُعِيدُهَا سِيرَتَهَا ٱلۡأُولَىٰ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Онро бигир ва натарс. Ба зудӣ онро ба шакли аввалаш бозмегардонем info
التفاسير:

external-link copy
22 : 20

وَٱضۡمُمۡ يَدَكَ إِلَىٰ جَنَاحِكَ تَخۡرُجۡ بَيۡضَآءَ مِنۡ غَيۡرِ سُوٓءٍ ءَايَةً أُخۡرَىٰ

Ва дастро дар бағал кун, то бидуни ҳеҷ газанде [ба унвони] муъҷизае дигар сафед [-у дурахшон] берун ояд info
التفاسير:

external-link copy
23 : 20

لِنُرِيَكَ مِنۡ ءَايَٰتِنَا ٱلۡكُبۡرَى

[Ҳадаф аз ироаи ду муъҷиза ин буд], ки бархе аз нишонаҳои бузурги хешро нишонат диҳем info
التفاسير:

external-link copy
24 : 20

ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ

[Инак] Ба сӯйи Фиръавн бирав [ки] бе тардид, [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст» info
التفاسير:

external-link copy
25 : 20

قَالَ رَبِّ ٱشۡرَحۡ لِي صَدۡرِي

[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, бар [ҳавсала ва] шикебоиям бияфзо info
التفاسير:

external-link copy
26 : 20

وَيَسِّرۡ لِيٓ أَمۡرِي

Ва корамро бароям осон гардон info
التفاسير:

external-link copy
27 : 20

وَٱحۡلُلۡ عُقۡدَةٗ مِّن لِّسَانِي

Ва гиреҳ аз забонам боз кун info
التفاسير:

external-link copy
28 : 20

يَفۡقَهُواْ قَوۡلِي

То суханамро дарёбанд info
التفاسير:

external-link copy
29 : 20

وَٱجۡعَل لِّي وَزِيرٗا مِّنۡ أَهۡلِي

Ва барои ман ёваре аз [афроди] хонадонам қарор бидеҳ info
التفاسير:

external-link copy
30 : 20

هَٰرُونَ أَخِي

Ҳорун-бародарамро info
التفاسير:

external-link copy
31 : 20

ٱشۡدُدۡ بِهِۦٓ أَزۡرِي

Пуштамро бо ӯ устувор соз info
التفاسير:

external-link copy
32 : 20

وَأَشۡرِكۡهُ فِيٓ أَمۡرِي

Ва ӯро дар кори [рисолати] ман шарик кун info
التفاسير:

external-link copy
33 : 20

كَيۡ نُسَبِّحَكَ كَثِيرٗا

Туро бисёр ба покӣ биситоем info
التفاسير:

external-link copy
34 : 20

وَنَذۡكُرَكَ كَثِيرًا

ва бисёр ёдат кунем info
التفاسير:

external-link copy
35 : 20

إِنَّكَ كُنتَ بِنَا بَصِيرٗا

Бе тардид, Ту ба [ҳоли] мо биноӣ» info
التفاسير:

external-link copy
36 : 20

قَالَ قَدۡ أُوتِيتَ سُؤۡلَكَ يَٰمُوسَىٰ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, хостаат ба ту дода шуд info
التفاسير:

external-link copy
37 : 20

وَلَقَدۡ مَنَنَّا عَلَيۡكَ مَرَّةً أُخۡرَىٰٓ

Дар ҳақиқат, мо [пештар] як бори дигар [низ] бар ту миннат ниҳода будем info
التفاسير: