ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
65 : 20

قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِمَّآ أَن تُلۡقِيَ وَإِمَّآ أَن نَّكُونَ أَوَّلَ مَنۡ أَلۡقَىٰ

[Ҷодугарон] гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту [он чиро бо худ дорӣ] меафканӣ ё [мо] нахустин касе бошем, ки меафканад?» info
التفاسير:

external-link copy
66 : 20

قَالَ بَلۡ أَلۡقُواْۖ فَإِذَا حِبَالُهُمۡ وَعِصِيُّهُمۡ يُخَيَّلُ إِلَيۡهِ مِن سِحۡرِهِمۡ أَنَّهَا تَسۡعَىٰ

[Мӯсо] Гуфт: «[На] балки шумо бияфканед». Пас, ногоҳ ресмонҳо ва чӯбдастҳои онон аз ҷодуяшон чунон ба назараш расид, ки гӯӣ ба шитоб мехазанд info
التفاسير:

external-link copy
67 : 20

فَأَوۡجَسَ فِي نَفۡسِهِۦ خِيفَةٗ مُّوسَىٰ

Пас, Мӯсо дар дилаш тарсе эҳсос кард info
التفاسير:

external-link copy
68 : 20

قُلۡنَا لَا تَخَفۡ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡأَعۡلَىٰ

Гуфтем: «Натарс, [ки] ту, ҳатман, [пирӯз ва] бартарӣ info
التفاسير:

external-link copy
69 : 20

وَأَلۡقِ مَا فِي يَمِينِكَ تَلۡقَفۡ مَا صَنَعُوٓاْۖ إِنَّمَا صَنَعُواْ كَيۡدُ سَٰحِرٖۖ وَلَا يُفۡلِحُ ٱلسَّاحِرُ حَيۡثُ أَتَىٰ

Ва он чиро, ки дар дасти рости худ дорӣ, бияфкан, то [тамоми] он чиро, ки сохтаанд, бибалъад. Бе тардид, он чи онон сохтаанд, фақат найранги ҷодугар аст ва ҷодугар ҳар ҷо, ки бошад [ва ҳар чӣ кунад], пирӯз намегардад» info
التفاسير:

external-link copy
70 : 20

فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سُجَّدٗا قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ هَٰرُونَ وَمُوسَىٰ

[Пас, чун Мӯсо асояшро бар замин андохт, ба мори бузурге табдил шуд ва сохтаҳои ононро балъид], он гоҳ ҷодугарон ба саҷда афтоданд [ва] гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳорун ва Мӯсо имон овардем» info
التفاسير:

external-link copy
71 : 20

قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَۖ فَلَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٖ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ فِي جُذُوعِ ٱلنَّخۡلِ وَلَتَعۡلَمُنَّ أَيُّنَآ أَشَدُّ عَذَابٗا وَأَبۡقَىٰ

[Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам ба ӯ имон овардед? Ҳатман, ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Пас, ҳатман, дасту пойи шуморо бар акси якдигар [аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро дар танаҳои нахл ба дор меовезам ва он гоҳ хуб хоҳед донист, ки азоб [ва шиканҷаи] кадом яки аз мо сахттар ва пояндатар аст; [ман ё Парвардигори Мӯсо]» info
التفاسير:

external-link copy
72 : 20

قَالُواْ لَن نُّؤۡثِرَكَ عَلَىٰ مَا جَآءَنَا مِنَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلَّذِي فَطَرَنَاۖ فَٱقۡضِ مَآ أَنتَ قَاضٍۖ إِنَّمَا تَقۡضِي هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَآ

[Ҷодугарон] Гуфтанд: «Ҳаргиз [пайравӣ аз] туро бар ин далоили равшане, ки бароямон омадааст ва [ҳамчунин] бар он ки моро офаридааст, тарҷеҳ намедиҳем; пас, ба ҳар ҳукме, ки мехоҳӣ, ҳукм кун. Ту фақат метавонӣ дар зиндагии ин дунё ҳукм кунӣ info
التفاسير:

external-link copy
73 : 20

إِنَّآ ءَامَنَّا بِرَبِّنَا لِيَغۡفِرَ لَنَا خَطَٰيَٰنَا وَمَآ أَكۡرَهۡتَنَا عَلَيۡهِ مِنَ ٱلسِّحۡرِۗ وَٱللَّهُ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰٓ

Бе тардид, мо ба Парвардигорамон имон овардем, то гуноҳонамон ва он чиро аз ҷодугарӣ бар мо таҳмил кардаӣ, бибахшояд; ва Аллоҳ таоло беҳтару пояндатар аст» info
التفاسير:

external-link copy
74 : 20

إِنَّهُۥ مَن يَأۡتِ رَبَّهُۥ مُجۡرِمٗا فَإِنَّ لَهُۥ جَهَنَّمَ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحۡيَىٰ

Ҳар ки дар пешгоҳи Парвардигораш гунаҳкор ҳозир шавад, яқинан, оташи дузах барои ӯст; дар он ҷо на мемирад [ ки раҳоӣ ёбад] ва на [ба хушӣ] зиндагӣ мекунад info
التفاسير:

external-link copy
75 : 20

وَمَن يَأۡتِهِۦ مُؤۡمِنٗا قَدۡ عَمِلَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلدَّرَجَٰتُ ٱلۡعُلَىٰ

Ва ҳар ки муъмин назди ӯ биёяд, дар ҳоле ки корҳои шоиста анҷом дода бошад, пас, инон дараҷоти олӣ доранд info
التفاسير:

external-link copy
76 : 20

جَنَّٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ جَزَآءُ مَن تَزَكَّىٰ

Боғҳои ҷовидони [биҳишт], ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ҳамеша дар он хоҳанд буд; ва ин аст подоши касе, ки худро [аз олудагиҳои ширку гуноҳ] пок кардааст info
التفاسير: