Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir

Numero di pagina:close

external-link copy
275 : 2

ٱلَّذِينَ يَأۡكُلُونَ ٱلرِّبَوٰاْ لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ ٱلَّذِي يَتَخَبَّطُهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ مِنَ ٱلۡمَسِّۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡبَيۡعُ مِثۡلُ ٱلرِّبَوٰاْۗ وَأَحَلَّ ٱللَّهُ ٱلۡبَيۡعَ وَحَرَّمَ ٱلرِّبَوٰاْۚ فَمَن جَآءَهُۥ مَوۡعِظَةٞ مِّن رَّبِّهِۦ فَٱنتَهَىٰ فَلَهُۥ مَا سَلَفَ وَأَمۡرُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِۖ وَمَنۡ عَادَ فَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

275. Касоне, ки рибо (суд) мехўранд аз қабр барнамехезанд, магар монанди касе, ки шайтон ўро дучори девонагӣ кардааст, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: “Хариду фурўш айнан монанди рибо аст” Аллоҳ онҳоро дурўғ баровард ва баён кард, Ў хариду фурўшро ҳалол намуда ва риборо ҳаром кардааст. Зеро дар хариду фурўш барои ҳар фард ва ҷамоъат манфиатест ва дар рибо зиён ва ҳалокӣ аст. Пас касе, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ў расид ва аз рибохўрӣ даст кашид ва тавба кард он чи дар гузашта ба даст овардааст, аз они ў мебошад ва кори ў бо Аллоҳ аст. Ва ҳар кас, ки бо рибохўрӣ бозгардад, пас онҳо аҳли оташанд ва дар он ҷо ҷовидона хоҳанд буд. info
التفاسير:

external-link copy
276 : 2

يَمۡحَقُ ٱللَّهُ ٱلرِّبَوٰاْ وَيُرۡبِي ٱلصَّدَقَٰتِۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ

275. Аллоҳ баракати риборо нобуд месозад ва садақотро афзоиш медиҳад ва савоби садақакунандагонро дучанд мегардонад ва дар молҳояшон баракат ато мефармояд. Аллоҳ ҳалолшуморандаи хўрдани рибо ва ҳар носипоси гунаҳкорро дўст надорад. info
التفاسير:

external-link copy
277 : 2

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ لَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

277. Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некў кардаанд ва намозро, чунон ки Аллоҳ ва Расул фармудаанд, барпо доштаанд ва закоти молашонро додаанд, барояшон савоби бузургест дар назди Парвардигорашон. Ва онҳо дар охират бим надоранд ва дар дунё бар он чизе аз насибаи дунёии онҳо фавт шуд, ғамгин намешаванд! info
التفاسير:

external-link copy
278 : 2

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَذَرُواْ مَا بَقِيَ مِنَ ٱلرِّبَوٰٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

278. (Сипас мўъминонро хитоб кард ва ба онҳо фармуд:) Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ овардед ва пайрави Расули Ў ҳастед, аз Ў битарсед ва пасмондаи муомилаҳои рибоиро, ки пештар анҷом додаед, тарк кунед, агар шумо мўъмини ҳақиқӣ бошед.[180] info

[180] Тафсири Ибни Касир 1\716

التفاسير:

external-link copy
279 : 2

فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ فَأۡذَنُواْ بِحَرۡبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ وَإِن تُبۡتُمۡ فَلَكُمۡ رُءُوسُ أَمۡوَٰلِكُمۡ لَا تَظۡلِمُونَ وَلَا تُظۡلَمُونَ

279. Ва агар аз муомилаи рибоӣ даст накашидед, пас шумо ба мубориза бо Аллоҳ ва паёмбараш бархостаед[181]. Ва агар тавба кардед аз рибо, пас асли молҳоятон аз они шумо аст ва шумо ситам намекунед шахсеро, ки қарз додаед, то ки зиёда аз қарзатон бигиред ва бар шумо ситам карда намешавад аз тарафи қарзгирифташуда ба гирифтани асли молатон.[182] info

[181]Ва ин баёнгари авҷи зиштӣ ва қабоҳати бади рибо аст, ки ба ҷанги бо Аллоҳ ва паёмбараш фаро хондааст.
[182] Тафсири Табарӣ 6\28

التفاسير:

external-link copy
280 : 2

وَإِن كَانَ ذُو عُسۡرَةٖ فَنَظِرَةٌ إِلَىٰ مَيۡسَرَةٖۚ وَأَن تَصَدَّقُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

280. Ва агар қарздор, ки тангдаст буд ва наметавонист талабро бипардозад бар талабгор воҷиб аст, ки ўро то замони ҳусули фарохӣ муҳлат бидиҳад ва бар қарздор воҷиб аст, ҳар гоҳ тавонист, қарзро бипардозад ва агар талабгор тамоми қарз ё қисми онро ба шахси қарздор бубахшад, барояшон беҳтараст, агар бузургии инро медонистанд. info
التفاسير:

external-link copy
281 : 2

وَٱتَّقُواْ يَوۡمٗا تُرۡجَعُونَ فِيهِ إِلَى ٱللَّهِۖ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا كَسَبَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ

281. Ва аз рўзе битарсед эй мардум, ки он рўз рўзи қиёмат аст ва дар он рўз ба сўи Аллоҳ бозгардонда мешавед, сипас ҳар кас аз он чи касб кардааст, ба сурати комил дарёфт мекунад, агар нек бошад, нек аст ва бад бошад, бад аст ва бар онҳо ситам намешавад. [183] info

[183]Дар ин оят ишоратест бояд мўъмин худро дур гирад аз он чи ки Аллоҳ онро ҳаром гардондааст аз касбҳои рибоӣ ва намозро барпо дорад ва закотро адо намояд ва амалҳои шоиста кунад.

التفاسير: