Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir

Numero di pagina:close

external-link copy
211 : 2

سَلۡ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ كَمۡ ءَاتَيۡنَٰهُم مِّنۡ ءَايَةِۭ بَيِّنَةٖۗ وَمَن يُبَدِّلۡ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُ فَإِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ

211. Эй Муҳаммад, аз бани Исроил бипурс, ки касоне, ки ба сўи ту саркашӣ мекунанд, чӣ нишонаҳои равшане дар китобҳояшон ба онҳо додем, ки онҳоро ба сўи ҳақ роҳнамоӣ мекунад пас ба тамоми онҳо кофир шуданд ва аз он рўй тофтанд ва оёти Ўро тағйир доданд. Ҳар кас, ки неъматеро,[134] ки Аллоҳ ба ў ато кардааст, дигаргун созад, бидонад, ки уқубати Ў сахт аст![135] info

[134] Дин
[135] Тафсири Саъдӣ 1\95

التفاسير:

external-link copy
212 : 2

زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَيَسۡخَرُونَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۘ وَٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَٱللَّهُ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٖ

212. Барои кофироне, ки ваҳдонияти Аллоҳро инкор намуданд, зиндагии инҷаҳонӣ ва он чи ки дар он аз шаҳват ва лаззатҳо ҳаст, дар чашм ва дилҳояшон зиннат дода шудааст ва мўъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Аллоҳ метарсанд, дар рўзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Аллоҳ мўъминонро ба олитарин дараҷаҳои ҷаннат дохил мекунад ва кофиронро ба пасттарин табақаҳои дўзах фуруд меорад. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рўзӣ медиҳад![136] info

[136] Тафсири Саъдӣ 1\95

التفاسير:

external-link copy
213 : 2

كَانَ ٱلنَّاسُ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ فَبَعَثَ ٱللَّهُ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَأَنزَلَ مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَ ٱلنَّاسِ فِيمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَمَا ٱخۡتَلَفَ فِيهِ إِلَّا ٱلَّذِينَ أُوتُوهُ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۖ فَهَدَى ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ مِنَ ٱلۡحَقِّ بِإِذۡنِهِۦۗ وَٱللَّهُ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٍ

213. Мардум як уммат буданд ва имон ба Аллоҳ доштанд баъд аз он дар динашон ихтилоф карданд, пас Аллоҳ паёмбарони хушхабардиҳанда ва тарсонандаро бифиристод ва касе, ки Аллоҳро итоъат кунад, дохили биҳишт шавад ва касе ба Аллоҳ кофир шавад ва Ўро нофармонбардорӣ кунад, дохили дўзах шавад. Ва Аллоҳ бар паёмбарон китобҳои барҳақ нозил кард, то он китоб дар он чӣ мардум ихтилоф доранд, миёнашон ҳукм кунад, вале дар амри Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ихтилоф накарданд, магар касоне, ки ба онҳо китоби Таврот нозил шуда буд ва ихтилофашон ба сабаби зулм ва ҳасадашон буд. Аҳли китоб он чиро ки дар китобашон нозил шуда буд (аз ҳуҷҷатҳо ва аҳком), медонистанд. Пас Аллоҳ ба раҳмати худ мўъминонро ба он ҳақиқате, ки дар он ихтилоф карданд, роҳ намуд. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад![137] info

[137] Тафсири Табарӣ 4\287 ва Тафсири Бағавӣ 1\244 ва Тафсири Саъдӣ 1\95

التفاسير:

external-link copy
214 : 2

أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تَدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ وَلَمَّا يَأۡتِكُم مَّثَلُ ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلِكُمۖ مَّسَّتۡهُمُ ٱلۡبَأۡسَآءُ وَٱلضَّرَّآءُ وَزُلۡزِلُواْ حَتَّىٰ يَقُولَ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ مَتَىٰ نَصۡرُ ٱللَّهِۗ أَلَآ إِنَّ نَصۡرَ ٱللَّهِ قَرِيبٞ

214.Эй мўъминон оё гумон кардед, ки вориди биҳишт шавед, ҳол он ки ҳанўз он чи ба мўъминоне, ки пеш аз шумо буданд, омад ва барои шумо наёмадааст? (Ба монанди камбағалӣ, касалӣ, тарс ва бим.)[138] Онҳо дучори сахтӣ ва зиён шуданд ва парешон гаштанд, то он ҷо ки Паёмбар ва мўъминоне, ки ҳамроҳи ў буданд, барои зудтар омадани ёрии Аллоҳ мегуфтанд: “Ёрии Аллоҳ кай хоҳад расид”. Огоҳ бошед, ки ёрии Аллоҳ наздик аст. info

[138] Тафсири Саъдӣ 1\96

التفاسير:

external-link copy
215 : 2

يَسۡـَٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَۖ قُلۡ مَآ أَنفَقۡتُم مِّنۡ خَيۡرٖ فَلِلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۗ وَمَا تَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٞ

215. Эй Муҳаммад, саҳобагон аз ту мепурсанд, ки аз кадом навъи молҳояшон нафақа кунанд? Ба онҳо бигў: Нафақа кунед аз моли поки ҳалоли худ. Аввал нафақаи худ барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Аллоҳ ба он огоҳ аст». info
التفاسير: