Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir

Numero di pagina:close

external-link copy
234 : 2

وَٱلَّذِينَ يُتَوَفَّوۡنَ مِنكُمۡ وَيَذَرُونَ أَزۡوَٰجٗا يَتَرَبَّصۡنَ بِأَنفُسِهِنَّ أَرۡبَعَةَ أَشۡهُرٖ وَعَشۡرٗاۖ فَإِذَا بَلَغۡنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ فِيمَا فَعَلۡنَ فِيٓ أَنفُسِهِنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ

234. Ва касоне аз шумо, ки бимиранд ва занонеро бар ҷой мегузоранд, бояд, ки занон чор моҳ ва даҳ рўз интизор бикашанд ва бояд аз хонаи шавҳарашон берун наоянд ва худро зиннат надиҳанд ва ба шавҳар набароянд ва чун иддаи худро ба поён расонданд бар шумо гуноҳе нест -эй сарпарастони занҳо- дар он чи ки онҳо мувофиқи шариъат дар бораи худ анҷом диҳанд (яъне ба шавҳар баромадан). Ва Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва бар амалҳоятон шуморо ҷазо медиҳад.[151] info

[151] Тафсири Бағавӣ 1\279

التفاسير:

external-link copy
235 : 2

وَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ فِيمَا عَرَّضۡتُم بِهِۦ مِنۡ خِطۡبَةِ ٱلنِّسَآءِ أَوۡ أَكۡنَنتُمۡ فِيٓ أَنفُسِكُمۡۚ عَلِمَ ٱللَّهُ أَنَّكُمۡ سَتَذۡكُرُونَهُنَّ وَلَٰكِن لَّا تُوَاعِدُوهُنَّ سِرًّا إِلَّآ أَن تَقُولُواْ قَوۡلٗا مَّعۡرُوفٗاۚ وَلَا تَعۡزِمُواْ عُقۡدَةَ ٱلنِّكَاحِ حَتَّىٰ يَبۡلُغَ ٱلۡكِتَٰبُ أَجَلَهُۥۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ فَٱحۡذَرُوهُۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ حَلِيمٞ

235. Ва барои шумо гуноҳе нест, -эй мардон- ки ба таври киноя аз занон хостгорӣ кунед ва ё дар дилҳоятон ба занӣ гирифтани онҳоро пинҳон намоед, Аллоҳ медонад, ки шумо ҳаргиз бо хомўш нишастанатон аз онҳо сабр натавонед кард, балки онҳоро ёд мекунед, Аз ҳамин сабаб ёд кардани онҳоро ба таври киноя ва пинҳон доштан дар худ мубоҳ гардонд, вале ба онҳо ваъдаи пинҳонӣ надиҳед, монанди зино ё гуфтугў кардан барои хонадорӣ дар айёми иддаашон, магар ин ки сухани некў бигўед ва тасмим ба ақди никоҳ нагиред, то вақте ки идда ба поён расад ва бидонед, ки Аллоҳ медонад он чиро ки дар дилатон ҳаст. Пас аз Ӯ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ омўрзгор аст ба касоне, ки аз гуноҳи худ тавба мекунанд ва меҳрубон аст, зуд ба ҷазои бад намегирад. info
التفاسير:

external-link copy
236 : 2

لَّا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ إِن طَلَّقۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ مَا لَمۡ تَمَسُّوهُنَّ أَوۡ تَفۡرِضُواْ لَهُنَّ فَرِيضَةٗۚ وَمَتِّعُوهُنَّ عَلَى ٱلۡمُوسِعِ قَدَرُهُۥ وَعَلَى ٱلۡمُقۡتِرِ قَدَرُهُۥ مَتَٰعَۢا بِٱلۡمَعۡرُوفِۖ حَقًّا عَلَى ٱلۡمُحۡسِنِينَ

236. Бар шумо – эй гурўҳи шавҳарон – гуноҳе нест, ки занонро пеш аз ҳамхобӣ ва пеш аз таъини маҳрия талоқ диҳед, гарчи ин кор боиси паст шудани шахсияти зан мегардад, аммо бо додани маҳр ҷуброн мешавад. Пас бар шумо лозим аст, ки чизе бидиҳед, то ранҷиши хотирашон ҷуброн шавад. Бар тавонгар ба андозаи тавоноиаш ва бар фақир ба андозаи тоқаташ. Ин корест шоистаи некӯкорон.[152] info

[152] Тафсири Саъдӣ 1\105

التفاسير:

external-link copy
237 : 2

وَإِن طَلَّقۡتُمُوهُنَّ مِن قَبۡلِ أَن تَمَسُّوهُنَّ وَقَدۡ فَرَضۡتُمۡ لَهُنَّ فَرِيضَةٗ فَنِصۡفُ مَا فَرَضۡتُمۡ إِلَّآ أَن يَعۡفُونَ أَوۡ يَعۡفُوَاْ ٱلَّذِي بِيَدِهِۦ عُقۡدَةُ ٱلنِّكَاحِۚ وَأَن تَعۡفُوٓاْ أَقۡرَبُ لِلتَّقۡوَىٰۚ وَلَا تَنسَوُاْ ٱلۡفَضۡلَ بَيۡنَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ

237. Агар занонро пеш аз ин ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунед, талоқ додед, дар ҳоле ки барои онҳо маҳр таъйин кардед, пас нисфи он маҳри таъйин шударо бидиҳед, магар ин ки онро ба шумо бубахшанд ё касе, ки ақди издивоҷ дар дасти ўст, онро бубахшад, Пас Аллоҳи мутаъол ба бахшидан ташвиқ намуд ва баён кард ки бахшидан ба парҳезгорӣ наздиктараст ва аломати некўкорист. Ва некўкорӣ аълотарин рутбаест дар муомилот. Ва - эй мардум - некўкориро дар миёни худ фаромўш накунед, ҳамоно Аллоҳ ба он чи мекунед, биност ва шуморо дар кори хуб тарғиб менамояд. info
التفاسير: