ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - مركز رواد الترجمة

رقم الصفحة:close

external-link copy
77 : 19

أَفَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي كَفَرَ بِـَٔايَٰتِنَا وَقَالَ لَأُوتَيَنَّ مَالٗا وَوَلَدًا

Оё дидӣ он касеро, ки ба оёти Мо кофир шуд ва гуфт: «Ҳатман, молу фарзанд [-и фаровоне дар охират] ба ман дода хоҳад шуд?» info
التفاسير:

external-link copy
78 : 19

أَطَّلَعَ ٱلۡغَيۡبَ أَمِ ٱتَّخَذَ عِندَ ٱلرَّحۡمَٰنِ عَهۡدٗا

Оё ӯ бар ғайб огоҳӣ ёфтааст, ё аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифтааст? info
التفاسير:

external-link copy
79 : 19

كَلَّاۚ سَنَكۡتُبُ مَا يَقُولُ وَنَمُدُّ لَهُۥ مِنَ ٱلۡعَذَابِ مَدّٗا

[Ҳаргиз] Чунин нест; гуфтаашро менависем ва бар азобаш меафзоем info
التفاسير:

external-link copy
80 : 19

وَنَرِثُهُۥ مَا يَقُولُ وَيَأۡتِينَا فَرۡدٗا

Ва он чи [аз амволу фарзандон], ки мегӯяд, аз ӯ ба ирс мебарем ва [рӯзи қиёмат тиҳидаст ва] танҳо назди мо меояд info
التفاسير:

external-link copy
81 : 19

وَٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ ءَالِهَةٗ لِّيَكُونُواْ لَهُمۡ عِزّٗا

Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд, то [ёвару] пуштибонашон бошад info
التفاسير:

external-link copy
82 : 19

كَلَّاۚ سَيَكۡفُرُونَ بِعِبَادَتِهِمۡ وَيَكُونُونَ عَلَيۡهِمۡ ضِدًّا

Чунин нест; [балки он маъбудҳо дар қиёмат] ибодати ононро инкор хоҳанд кард ва душманашон хоҳанд буд info
التفاسير:

external-link copy
83 : 19

أَلَمۡ تَرَ أَنَّآ أَرۡسَلۡنَا ٱلشَّيَٰطِينَ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ تَؤُزُّهُمۡ أَزّٗا

[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Мо шаётинро бар кофирон фиристодем, то ононро [бо васвасаҳои худ] таҳрик кунанд [ва аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд]? info
التفاسير:

external-link copy
84 : 19

فَلَا تَعۡجَلۡ عَلَيۡهِمۡۖ إِنَّمَا نَعُدُّ لَهُمۡ عَدّٗا

Пас, дар бораи [нобудии] онон шитоб накун. Ҷуз ин нест, ки Мо [рӯзҳои марг ва фаро расидани азобро] ба диққат барояшон мешуморем info
التفاسير:

external-link copy
85 : 19

يَوۡمَ نَحۡشُرُ ٱلۡمُتَّقِينَ إِلَى ٱلرَّحۡمَٰنِ وَفۡدٗا

[Ёд кун аз] Рӯзе, ки парҳезкоронро [бо иззату эҳтиром] ба меҳмонии [Аллоҳи] Раҳмон гирд меоварем info
التفاسير:

external-link copy
86 : 19

وَنَسُوقُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ إِلَىٰ جَهَنَّمَ وِرۡدٗا

Ва муҷримонро ташнаком ба сӯйи ҷаҳаннам меронем info
التفاسير:

external-link copy
87 : 19

لَّا يَمۡلِكُونَ ٱلشَّفَٰعَةَ إِلَّا مَنِ ٱتَّخَذَ عِندَ ٱلرَّحۡمَٰنِ عَهۡدٗا

Онон ҳаргиз [тавони] шафоат надоранд; магар касе, ки [бо имон ва амали шоистааш] аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифта бошад info
التفاسير:

external-link copy
88 : 19

وَقَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَلَدٗا

Ва [мушрикон] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст» info
التفاسير:

external-link copy
89 : 19

لَّقَدۡ جِئۡتُمۡ شَيۡـًٔا إِدّٗا

Ба ростӣ, [бо ин иддао] чизе бисёр зишт [ба миён] овардед! info
التفاسير:

external-link copy
90 : 19

تَكَادُ ٱلسَّمَٰوَٰتُ يَتَفَطَّرۡنَ مِنۡهُ وَتَنشَقُّ ٱلۡأَرۡضُ وَتَخِرُّ ٱلۡجِبَالُ هَدًّا

Аз ин [сухани куфромез] наздик аст осмонҳо аз ҳам бипошад ва замин бишкофад ва кӯҳҳо дар ҳам бишкананд ва фуру резанд info
التفاسير:

external-link copy
91 : 19

أَن دَعَوۡاْ لِلرَّحۡمَٰنِ وَلَدٗا

[Чаро] Ки барои [Аллоҳи] Раҳмон фарзанде иддао кардаанд info
التفاسير:

external-link copy
92 : 19

وَمَا يَنۢبَغِي لِلرَّحۡمَٰنِ أَن يَتَّخِذَ وَلَدًا

Ва ҳаргиз сазовори [Аллоҳи] Раҳмон нест, ки фарзанде баргузинад info
التفاسير:

external-link copy
93 : 19

إِن كُلُّ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ إِلَّآ ءَاتِي ٱلرَّحۡمَٰنِ عَبۡدٗا

Дар осмонҳо ва замин ҳеҷ касе нест, магар он ки [дар рӯзи қиёмат хоксор ва] бандавор назди Аллоҳи Раҳмон меояд info
التفاسير:

external-link copy
94 : 19

لَّقَدۡ أَحۡصَىٰهُمۡ وَعَدَّهُمۡ عَدّٗا

Яқинан, [Аллоҳ таоло ҳамаи] ононро дар шумор оварда ва дуруст баршумурдааст info
التفاسير:

external-link copy
95 : 19

وَكُلُّهُمۡ ءَاتِيهِ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فَرۡدًا

Ва ҳамагиашон рӯзи қиёмат танҳо [ва тиҳидаст] назди Ӯ ҳозир мешаванд info
التفاسير: