ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - مركز رواد الترجمة

رقم الصفحة:close

external-link copy
12 : 19

يَٰيَحۡيَىٰ خُذِ ٱلۡكِتَٰبَ بِقُوَّةٖۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡحُكۡمَ صَبِيّٗا

[Аллоҳ таоло фармуд] «Эй Яҳё, китоби [Таврот]-ро бо қувват [ва ҷиддият] бигир» ва дар кӯдакӣ ба ӯ дониш [ва ҳикмат] додем info
التفاسير:

external-link copy
13 : 19

وَحَنَانٗا مِّن لَّدُنَّا وَزَكَوٰةٗۖ وَكَانَ تَقِيّٗا

Ва аз ҷониби хеш [ба ӯ] муҳаббату покӣ [аз гуноҳон ато кардем] ва ӯ парҳезкор буд info
التفاسير:

external-link copy
14 : 19

وَبَرَّۢا بِوَٰلِدَيۡهِ وَلَمۡ يَكُن جَبَّارًا عَصِيّٗا

Ва нисбат ба падару модараш накукор буд ва саркаш [-у] нофармон набуд info
التفاسير:

external-link copy
15 : 19

وَسَلَٰمٌ عَلَيۡهِ يَوۡمَ وُلِدَ وَيَوۡمَ يَمُوتُ وَيَوۡمَ يُبۡعَثُ حَيّٗا

Ва салом [ва амнияти Аллоҳ таоло] бар ӯ бод, рӯзе, ки мутаваллид шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавад info
التفاسير:

external-link copy
16 : 19

وَٱذۡكُرۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَرۡيَمَ إِذِ ٱنتَبَذَتۡ مِنۡ أَهۡلِهَا مَكَانٗا شَرۡقِيّٗا

Ва дар [ин] китоб [Қуръон] аз Марям ёд кун, он гоҳ ки аз хонаводааш канора гирифт [ва дар] ноҳияи шарқӣ [аз онон] мустақар шуд. info
التفاسير:

external-link copy
17 : 19

فَٱتَّخَذَتۡ مِن دُونِهِمۡ حِجَابٗا فَأَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهَا رُوحَنَا فَتَمَثَّلَ لَهَا بَشَرٗا سَوِيّٗا

Ва миёни худ ва онҳо пардае афканд [то хилватгоҳи ибодаташ бошад]. Он гоҳ [мо] Рӯҳи худ [Ҷабраил]-ро ба сӯяш фиристодем ва ба шакли инсоне хушандом бар вай намоён гашт. info
التفاسير:

external-link copy
18 : 19

قَالَتۡ إِنِّيٓ أَعُوذُ بِٱلرَّحۡمَٰنِ مِنكَ إِن كُنتَ تَقِيّٗا

[Марям] Гуфт: «Ман аз [шарри] ту ба [Аллоҳи] Раҳмон паноҳ мебарам. Агар парҳезкорӣ [ба ман осеб нарасон]» info
التفاسير:

external-link copy
19 : 19

قَالَ إِنَّمَآ أَنَا۠ رَسُولُ رَبِّكِ لِأَهَبَ لَكِ غُلَٰمٗا زَكِيّٗا

[Ҷабраил] гуфт: «Яқинан, ман фиристодаи Парвардигорат ҳастам, то ба ту писари покизае бахшам» info
التفاسير:

external-link copy
20 : 19

قَالَتۡ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَلَمۡ يَمۡسَسۡنِي بَشَرٞ وَلَمۡ أَكُ بَغِيّٗا

[Марям] гуфт: «Чи гуна мумкин аст писаре дошта бошам; ҳол он ки дасти ҳеҷ инсоне ба ман нарасидааст ва бадкор [низ] набудаам?» info
التفاسير:

external-link copy
21 : 19

قَالَ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٞۖ وَلِنَجۡعَلَهُۥٓ ءَايَةٗ لِّلنَّاسِ وَرَحۡمَةٗ مِّنَّاۚ وَكَانَ أَمۡرٗا مَّقۡضِيّٗا

[Ҷабраил] Гуфт: «[Дастур] чунин аст. Парвардигорат фармуд: «Ин [кор] бар ман осон аст ва ӯро барои мардум нишонае [аз қудрати хеш] қарор медиҳем ва [низ] раҳмате аз сӯйи Мост; ва ин [шеваи таваллуд] амре анҷомёфта [ва ҳатмӣ] аст» info
التفاسير:

external-link copy
22 : 19

۞ فَحَمَلَتۡهُ فَٱنتَبَذَتۡ بِهِۦ مَكَانٗا قَصِيّٗا

Пас, [Марям] ба ӯ бордор шуд. Ва бо ӯ ба ҷойе дурдаст [рафт ва аз мардум] канора гирифт info
التفاسير:

external-link copy
23 : 19

فَأَجَآءَهَا ٱلۡمَخَاضُ إِلَىٰ جِذۡعِ ٱلنَّخۡلَةِ قَالَتۡ يَٰلَيۡتَنِي مِتُّ قَبۡلَ هَٰذَا وَكُنتُ نَسۡيٗا مَّنسِيّٗا

Пас, дарди зойиш ӯро ба самти як танаи нахл кашонд [ва ӯ дар ҳоле ки дард мекашид] гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва ба куллӣ аз ёдҳо мерафтам [то касе дар бораам хаёли ботил накунад]» info
التفاسير:

external-link copy
24 : 19

فَنَادَىٰهَا مِن تَحۡتِهَآ أَلَّا تَحۡزَنِي قَدۡ جَعَلَ رَبُّكِ تَحۡتَكِ سَرِيّٗا

Ногаҳон аз зери [пойи] ӯ [Исо] нидояш дод, ки: «Ғамгин мабош. Парвардигорат зери [пойи] ту чашмаи обе равон сохтааст info
التفاسير:

external-link copy
25 : 19

وَهُزِّيٓ إِلَيۡكِ بِجِذۡعِ ٱلنَّخۡلَةِ تُسَٰقِطۡ عَلَيۡكِ رُطَبٗا جَنِيّٗا

Ва танаи нахлро ба тарафи худ такон бидеҳ, [то] рутаби тоза бар ту фурӯ резад info
التفاسير: